Роҳи Хуҷанд боз баста шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар манъ шудааст.

Масъулини ширкати IRS мегӯянд, ки боришот дар роҳ шадид аст ва онҳо водор шуданд, ки ҳаракат дар роҳи мазкурро боздоранд.Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS  гуфтааст ,ки аз субҳи имрӯз ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум ба Хуҷанд ва аз самти ноҳияи Айнӣ ба сӯи Душанбе манъ шудааст. Ба қавли ин масъули ширкати IRS, аз сабаби боришоти зиёд хавфи фаромадани тарма хеле зиёд аст. Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кай боз мешавад. Далери Абдулло мегӯяд, ки бо даст додани имконият кӯшиш мекунанд ҳаракатро дар роҳ барқарор кунанд.Дар ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *