Ҷавоҳиротдузд дастгир гардид

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза зани 57-солаи сокини кӯчаи Карамшои ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш 1500-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва масолеҳи сохтмониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5350-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *