Роҳкироро арзон кунед!

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи таҳлилии Исломи Раҷабалӣ, сокини шаҳри Кӯлобро нашр намудааст, ки дар он проблемаи нафуромадани нархи роҳкироро овардааст. Ду моҳи пеш бо сабаби боло рафтани нархи сузишворӣ ҳаққи роҳкиро ҳам гарон шуда буд, вале чаро нархи сузишворӣ поён шуду роҳкиро не?- савол мегузорад Исломи Раҷабалӣ.

Ба навиштаи Исломи Раҷабалӣ, ду моҳ қабл дар кишвар нархи сӯзишворӣ, хусусан як литри гази моеъ аз 3,50 ба 5,20 сомонӣ расид ва роҳкиро низ қариб ду маротиба афзуд.

 “Аммо, саволи матраҳ он аст, ки чаро ҳоло нархи сӯзишворӣ поён фаромадаасту аз роҳкиро не? Аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дидан кардем, ки 18 сентябри соли 2018 дар ин нуқтаҳо арзиши 1 литр гази моеъ 4  сомонӣ, бензин 7,80 ва солярка 8 сомониро ташкил медод, яъне қариб як моҳ боз арзиши гази моеъ аз 5,20 то 4 сомонӣ поин фаромадаасту нархи роҳкиро ҳамоно дар қолаби пештара боқӣ мондааст”, — изҳор доштааст Исломи Раҷабалӣ.

Ба иттилои муаллиф ҳоло дар минтақаи Кӯлоб 7 терминали мусофиркашонӣ ва 12  терминали ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ҷамолиддин Ятимов, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, ронандагоне, ки соҳиби иҷозатнома нестанд, ҳаққи мусофиркашонӣ надоранд.

 Ятимов афзудааст, ки айни ҳол дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб қариб 2000 ронандаи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш бо иҷозатнома фаъолият мекунад.

Исломи Раҷабалӣ иттилоъ додааст, ки дар чорроҳаи назди филиали бонки “Эсхата” ронандагон ба деҳаҳои Пушёни Боло, Пушёни Поён, Осмонбика, Ғелот ва дигар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар қисмати дигари роҳ, канори “Хонаи бахт”  ронандагон ба деҳаҳои гирду атрофи шаҳри Кӯлоб — Сангпар, Ҳакимобод, Бахтобод, Чашмасор, мусофир мекашонанд.

“Аммо, аксари онҳо литсензия надоранд. Пас, кӣ ба онҳо ҳуқуқи мусофиркашонӣ додааст? Айни замон дар хатсайрҳои дохили шаҳри Кӯлоб роҳкиро як меъёри муайян надорад. Ҳатто ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам аз пеши худ чӣ гунае хоҳанд, нарх мегузоранд”, — таъкид намудааст сокини Кӯлоб ва дар суол гузоштааст, ки ин ҳол то кай идома меёфта бошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *