Робахон Маҳмудова мехоҳад президенти Ӯзбекистон шавад

Муовини аввали раиси Суди Олии Ӯзбекистон Робахон Маҳмудова сеюмин довталаби курсии президентии ин кишвар шуд.

“Номзадии ӯ аз Ҳизби сотсиал-демократи «Адолат» пешбарӣ шудааст”,- хабар медиҳад рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» дар шабакаи телевизионии худ.

Робахон Маҳмудова соли 1958 дар вилояти Фарғона таваллуд шуда, аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос мебошад. Номбурда дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аз судяи Суди Олӣ то раиси ин ниҳод кор кардааст.

Дафтари матбуоти Суди Олӣ хабар дод, ки азбаски тибқи қонун судя ҳақ надорад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, ваколатҳои муовини аввали раиси Суди Олӣ Робахон Маҳмудова боздошта шуд.

Маҳмудова аввалин занест, ки дар феҳристи номзадҳо ба интихоботи президентӣ сабт шудааст. То ин дам аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон собиқ вазири маорифи халқ Улуғбек Иноятов ва аз Ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев пешбарӣ шуда буданд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон рӯзи 8-уми май интихоботи пеш аз муҳлати президентиро эълон кард ва дертар ҳамон рӯз фармонеро имзо кард, ки интихоботи пеш аз муҳлат ба 9-уми июли соли 2023 таъин карда шавад.

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 10-уми май аз оғози маъракаи интихоботӣ хабар дод ва тавзеҳ дод, ки асноди сабти номи номзадҳо аз 17-уми май то 1-уми июн идома хоҳад ёфт.

Тибқи қонун, танҳо аҳзоби сиёсӣ ҳақи пешбарии номзад ба мақоми президентӣ доранд. Ҳоло дар Ӯзбекистон панҷ чунин иттиҳодия амал мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *