Қадршиносии навбатии IRS ва роҳбари он

Чанде пеш бо ибтикори Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ аз шаҳри Душанбе мусобиқаи VI-уми байналмилалии автомобилии «Корвони дӯстӣ» шуруъ гардид. Иштирокчиёни он қаламрави панҷ давлат — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистонро убур хоҳанд кард.

Боиси ифтихор аст, ки дар доираи ин чорабинӣ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бо Ҷоми мусобиқаи VI-уми байналмилалии автомобилии «Корвони дӯстӣ», директори он Нодирҷон Сафаров бо медали ба номи шахсияти таърихӣ — “Анатолий Насонов” ва Дипломи Академияи байнамилалии нақлиёт қадрдонӣ шуданд.

Месазад ёдовар шавем, ки дастоварди мазкур идомаи мантиқии комёбиҳои қаблӣ маҳсуб мешавад.

Роҳандозии равобити барои тарафайн судманд бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ омили асосии дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани дилхоҳ ширкат маҳсуб ёфта, ҳамзамон замина ва шароит фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам ва технологияи нав дар раванди фаъолият ҷорӣ гарданд.

На ба ҳама ширкатҳо имкон даст медиҳад, ки шомили ассотсиатсия ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият, мавҷудияти ҳайати кормандони болаёқат ва заминаи мустаҳками моддӣ — техникӣ ба он асос шуда метавонанд.

Зимни супоридани ҷом, медал ва диплом таъкид гардид, ки IRS тими мутахассисони ҳирфаӣ буда, барои такмили малака ва ишғоли ҷойгоҳи арзанда мунтазам талош меварзад.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли гузашта дар доираи Анҷумани V-уми роҳдорони ИДМ ва баргузории Озмуни байналмилалии «Роҳҳои автомобилгарди ИДМ — 2022» бо истинод ба таҳлили амиқу доманадори мутахассисони варзидаи соҳаи роҳу нақлиёт ва масъулони Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Лоиҳаи сол» ғолиб гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *