Робиаи Балхӣ – Афғонистон

Тоҷи Касро

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Шабо нофаи мушки Таббат надошт,

Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт.

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,

Ки гул ранги рухсори Лайлӣ гирифт.

Ба май монад андар ақиқаш қадаҳ,

Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Қадаҳ гир чандеву дунё магир,

Ки бадбахт шуд он ки дунё гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим,

Нишони сари тоҷи Касро гирифт.

Чу рӯҳбон шуд андар либоси кабуд,

Бунафша магар дини тарсо гирифт.

***

Дар банд..

Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Ишқ дарёе карона нопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд?

Ошиқе хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Пас бибояд сохт бо ҳар нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.

Тавсанӣ кардам надонистам ҳаме,

К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

***

Ҷон бо дил баробар бар

Ало, эй бод шабгирӣ паёми ман ба дилбар бар,

Бигӯ он моҳи хубонро, ки ҷон бо дил баробар бар.

Ба қаҳр аз ман фигандӣ дил ба як дидор, маҳрўё,

Чунон чун Ҳайдари каррор дар он ҳисини Хайбар бар.

Ту чун моҳию ман моҳӣ ҳамесӯзам битобад бар,

Ғами ишқат на бас бошад ҷафо бинҳодӣ аз бар-бар.

Танам чун чанбаре гашта бад-он умед то рӯзе,

Зи зулфат барфитад ногаҳ яке ҳалқа ба чанбар бар.

Ситамгар гашта маъшуқам ҳама ғам з-ин қабул дорам,

Ки ҳаргиз суд накнад кас ба маъшуқи ситамгар бар.

Агар хоҳӣ, ки хубонро ба даври худ ба аҷз орӣ,

Яке рухсори хубатро бад-он хубон баробар бар.

Аё музан ба кору ҳоли ошиқ гар хабар дорӣ,

Саҳаргоҳон нигоҳ кун ту бад-он Аллоҳу акбар бар.

Мудоро бинти Каъб андӯҳ, ки ёр аз ту ҷудо монад,

Расан гарчӣ дароз ояд гузар дорад ба чанбар бар.

رابعه بلخی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *