Робот ба ҷойи журналист
Интеллекти маснӯъӣ чӣ гуна ба ҳаёти мо ворид мешавад?
Шумо ҳаёти худро бе телефон ё интернет тасаввур карда метавонед? Агар гаджетҳоятонро аз дастатон бигиранд, чанд соат тоқат мекунед? Умуман ҳаёт бе иртиботи маҷозӣ бароятон чӣ гуна аст? Посух ба ин суолҳо маълуманд. Телефон, смартфон, интернет ва алоқаи маҷозӣ ҷузъи муҳими зиндагии мо шудааст. Инсонро чандин сол аст, ки робот идора мекунад…
Интеллекти маснӯъӣ
15 ноябри соли 2018 аз ҷониби ширкатҳои Huawei ва Beeline дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Медиахаб таҳти унвони «Интеллекти маснӯъӣ дар медиа» («Искусственный интеллект в медиа») баргузор гардид, ки суолҳои дар бологузошташуда, мавриди муҳокима ва барассӣ қарор гирифтанд.
Таъсири интеллекти маснӯъӣ ба ҳаёти инсонҳо шадидан меафзояд. Истифодабарандагони смартфонҳо ҳамарӯза нохудогоҳ даҳҳо маротиба ба экрани он менигаранд, ки аз навигариҳо бехабар набошанд. Трафикҳои мобилӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Истифодабарандагони интернети мобилӣ 70%-80%-и хонандагони сомонаҳо мебошанд.
Бинобар ин соҳибрасонаҳо дар замони муосир роҳҳои навро ҷустуҷӯ мекунанд, то таваҷҷӯҳи истифодабарандагони интернетро, ки аз газетаву телевизионҳо ба смартфон рӯ овардаанд, ба даст оваранд.
Робот ба ҷойи журналистон
Мавзӯи интеллекти маснӯъӣ барои журналистон бисёр муҳим буд, зеро солҳои охир ВАО низ аз ин васила фаровон истифода мекунад. Соҳибрасонаҳо солҳои охир роҳҳои мудернтар ва ба василаи технологияи муосир, дастовардҳои нанотехналогия ё ба ҳаёти инсонҳо ворид шудан мехоҳанд…
«Бинобар ин, журналистикаи муосир ҳам дар замони муосир бе Интеллекти маснӯъӣ рушд карда наметавонад, зеро дур нест он рӯз, ки ровиёни телевизионҳо бо роботҳо иваз шаванд ва дар онлайн-нашрияҳо ба ҷойи журналистон робот хабар нависад.» – мегӯяд, яке аз мутахассисони варзидаи ин соҳа Евгений Волков.
Суханҳои Волков афсона нестанд. Аллакай дар Хитой чандин маротиба робот барномаи ахборро бомуваффақият қироат кард ва сомонаҳои пешрафтаи ҷаҳон аллакай аз хабарҳои навиштаи роботҳо истифода мебаранд.
Евгений Волков мегӯяд, ки Интеллекти маснӯъӣ мисли палангест, ки дар камин нишастааст ва интизори ҷаҳидан мебошад. «Ҳамон вақте ки технологияи муосир ва интеренет ба ҳама дастрас шуд, дар ҳаёти ВАО тағйироти куллӣ ба вуҷуд меояд. Инсон пурра тобеъи Интелекти маснӯъӣ хоҳад шуд, мегӯяд Волков.
Чӣ бояд кард?
— Одат! – посух медиҳад Евгений Волков. Зеро дигар мо наметавонем аз муҳити маҷозӣ берун барем. Мо мехоҳем, ки ҳама кори моро робот иҷро кунад. Мо оҳиста-оҳиста ғуломи робот мешавем.
Ин гуфтаи Волков ба ёди ман консепсияеро меояд, ки нависандаи фантаст Айзек Азимов сохта буд: «Инсон бояд технологияро ҳамчун ёрирасон бисозад, на зараррасон».
-Инсон аз ибтидо технологияро бунёд кард, ки барояш хидмат кунад. яъне ғуломаш бошад, аммо нохоста ғуломи технология шуд, — мегӯяд Волков.
Чӣ бояд кард? Дар ин замина бояд соҳибрасонаҳо ба ҳар гуна таҳаввулот омода бошанд, аз дастовардҳои навтарини техналогия кор бигиранд ва аз ҳама муҳим дар ин маҷро худро гум накунанд.
Huawei ва Beeline
Олеся Колесниченко, PR-менеҷери ширкати Huawei Device дар Қазоқистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки то соли 2025 дар ҷаҳон зиёда аз 40 млрд дастгоҳи боҳуш (гаджетҳо)-и шахсӣ ба қайд гирифта шуда, 90% -и истифодабарандагон соҳиби дастгоҳҳои боҳуш хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ширкати Huawei бовар дорад, ки интеллекти маснӯъӣ ба таври васеъ ба ҳаёти мардум ворид шуда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсонҳо таҳаввулот ба вуҷуд меорад.
–Чӣ тавре ки системаҳои ҷустуҷӯйӣ ҷойи қомусҳоро гирфитанд, интеллекти маснӯъӣ ҳам ба ҳаёти инсонҳо ворид хоҳад шуд. Имрӯз аллакай тавсеаи интеллекти маснӯъӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ширкати Huawei қарор дорад ва Huawei P20 и Mate20 дастовардҳои мо дар ин соҳа мебошад.- мегӯяд Олесия.
Ин мавзӯъ барои ҷомеаи Тоҷикистон комилан ҷадид ва хеле ҷолиб мебошад. Намояндагони ширкатҳои Huawei ва Beeline ба журналистон ваъда карданд, ки чунин медиахабҳоро дар Тоҷикистон ҳам доир хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ