Таҷовузи духтарчаи панҷсола

Дар ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона 18 ноябр духтарчаи 5-солаеро аз деҳаи «Қуқанбой» дар ҳолати беҳушӣ пайдо карданд. Ба гуфтаи яке аз фаъолони деҳа, ба номуси кӯдак дастдарозӣ шудааст.

Муовини сардори пулиси Учкуприк ба далели «ноболиғии қурбонӣ» аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон барои омӯзиши ҳодиса 20 ноябр ба Учкуприк рафтааст.

Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки «бо ҷабрдида равоншиносон кор мекунанд».

Як корманди Идораи пулиси Фарғона изҳор дошт, ки тафтишоти пешакии ҳодиса ба поён расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Таҷовуз» парванда боз шуда, гумонбарон бозпурсӣ мешаванд. Вале то ҳол касе боздошт нашудааст.

Яке аз наздикони ҷабрдида 21 ноябр гуфт, волидони духтарча дар муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон қарор дошта, кӯдакро хешовандонаш нигоҳ мекарданд. «Духтарчаро чаҳор рӯз натавонистанд пайдо кунанд. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ дар поёни деҳа партофта буданд. Се рӯз дар беморхонаи ноҳия қарор дошт, ҳоло ӯро ба вилоят бурданд. Вазъаш вазнин аст», — афзуд ӯ.

Дар беморхонаи вилоятии Фарғона гуфтанд, ки вазъи духтарча рӯ ба беҳбудӣ дорад. «Бояд ташхиси судӣ-тиббӣ шавад», — гуфт як табиби бемористон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *