Душанбе: Таҷлили 110-солагии Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» намоишгоҳ оғоз гардид.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар додаанд, ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи  Федератсияи Россия мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва ходимони илму фарҳанги Тоҷикистону Россия иштирок менамоянд. Инчунин паёмҳои табрикотии президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба иштирокдорону меҳмонон манзур гардида, китоб–феҳрасти ёдгориҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ҷамъомад ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии  илмӣ  баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *