Роналду дар бораи ҷоизаҳо ва хотимаи корномааш гуфт

Дар маросими ҷоизасупории Globe Soccer Awards футболбози 38-солаи португалӣ Криштиану Роналду чанд ҷоиза ба даст овард ва ҳамчунин мусоҳибаи муфассал дод.

Дар ҷашнвораи мазкур Криштиану Роналду сазовори “Беҳтарин футболбози сол аз нигоҳи мухлисон”, “Беҳтарин футболбози Шарқи наздик” ва ғолиби ҷоизаи Марадона ба ҳайси “Беҳтарин нишонзани сол” гардид.

Ӯ дар мусоҳиба доир ба ҷоизаҳои наваш чунин гуфт:

— Ман беҳтарин нишонзани сол шудам. Ба наздикӣ 39-сола мешавам, аммо бинед, ки аз футболбозони ҷавон ба мисли Ҳоланд пеш гузаштам. Вақте ки ба ман бовар намекунанд ва танқид мекунанд, илҳом мегирам ва дар майдон худамро даҳчанд нишон медиҳам.

Ҳамчунин, Криштиану Роналду дар мусоҳиба доир ба тарки футбол карданаш ибрози назар карда, гуфтааст, ки “замоне ки ҷисмам дигар бардошт карда натавонист, корномаамро хотима медиҳам”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *