Вазири энергетика аз шарикон хост, ки сохтмони НБО-и «Себзор» -ро тезонанд

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон тақвияти раванди сохтмони НБО-и «Себзор» бо иштироки шарикони рушд баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои вазорат, дар вохӯрӣ сохтмони НБО-и «Себзор», мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳал, дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳ баррасӣ гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа таъкид намудааст, ки неругоҳи барқи обии «Себзор» яке аз лоиҳаҳои асосӣ ба шумор меравад.

Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати «Помир Энерҷӣ» -ро даъват намудааст, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати «Фихтнер» ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар доираи муҳлати пешниҳодгардида бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки НБО-и «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *