Даъвати Тоҷикистон аз СММ дар мубориза бо терроризм

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) «Брифинги сатҳи баланд оид ба барнома ва лоиҳаҳои Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар Осиёи Марказӣ – дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда» баргузор гардид.
Дар он Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат иштирок кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амнияти СММ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ бо мақсади баррасии таҳдидҳои кунунӣ ва пайдошаванда дар самти мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии дастовардҳои асосии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт танзим гардид.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароиро иброз намуд.
Ҷонибек Ҳикмат ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он даъват намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *