Роналду зидди Исроил ва ҳимоят аз мусалмонон
Кристиану Роналду, футболбози машҳур ахиран аз ВАО-и исломситезу мусулмонсиёҳкун интиқоди шадид намуда, гуфтааст, ки ман дар бораи дини ислому мусалмонон хеле зиёд медонам, аз ҳамин сабаб бо дили пур гуфта метавонам, ки ҳар он чизе, ки алайҳи мусалмонон дар расонаҳои Ғарб менависанд, ҳамагӣ бӯҳтону иғвоангезӣ алайҳи ислом мебошаду халос:
« Кӯдакии ман хеле сахт гузаштааст, ману бародарам дар як кат хоб мерафтем. Оилаи мо пуле надошт, ки барои ман бозича харанд. то ман ҳам мисли дигар ҳамсолонам бозӣ кунам. Ба мактаб пойлуч мерафтам, чунки пойпӯше надоштам, ин буд, ки кам дар дарсҳо иштирок мекардаму билохила барои ғоиби бисёр доштанам аз дарсҳо, аз мактаб хориҷ шудам. Ягона муттакои ман тӯпам буд, ки ҳамеша бо он бозӣ карда, шодию ғамамро бо он мегузаронидам, гоҳе аз қаҳ сахт мезадамаш, гоҳе чун дӯсти роздон ба оғуш кашида, мебӯсидамаш.
Имрӯзҳо вақте ман ба кӯдакони гуруснаи Африқо кӯмак мекунам, бисёриҳо бар ман иҳонат намуда, мегӯянд, ки Кристи ин корро барои машҳур шуданаш мекунад. Аммо дар асл ин тавр нест. Ман ба онҳо барои он кӯмак мекунам, ки кӯдакии ман низ аз нодорию бечорагӣ бо ғаму андӯҳ гузаштааст. Ман намехоҳам, ки ин кӯдакон мисли ман барои надоштани пойпӯш аз хондан монанд, дар як кат чанд кас хоб раванд… Бархеҳо ин кори маро дида бо нафрат мегӯянд:
«Чаро ба кӯдакони мусалмон кӯмак мекунӣ?» Ман имрӯз аз ин минбари баланд ба онҳое, ки аз мусалмонон мутанаффиранд ва пайваста аз ман чунин суол мекунанд, чунин посух мегӯям:
— Ман мусалмононро дӯст медорам, зеро эшон мардуми беозору меҳрубон ва хайрхоҳ ҳастанд, зиндагии мусалмонон ибратомӯз аст, кори онҳо ҳаёти онҳо ба ту дарси мардонагию шуҷоат ва инсондӯстиро меомӯзад. Зиндагии мусалмони асил орзуи ҳар як инсони рӯйи замин аст, зеро дар роҳи интихобнамудаи ӯ ягон ҳиллаю найранг ва бадкирдорӣ нест. Ман дар бораи дини Ислом хеле зиёд медонам ва аз намояндагони мусалмон дӯстони сершуморе дорам, ки эшон беҳтарини беҳтаринҳоянд, аз ин сабаб бо овози баланд мегӯям:
Ҳар он чизе, ки ВАО-и Ғарб алайҳи ислом мегӯяд, аз тӯҳмату бӯҳтон ва гумроҳ намудани инсонҳо чизи дигаре беш нест».
Ин суханони Кристиану Роналду дар ҳоле садо медиҳад, ки мавсуф соли 2011 «Бутси тиллоӣ»-и хешро ба маблағи 1,5 миллион доллари ИМА фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба кӯдакони фаластинии аз зарби бомбаборон шуданашон аз сӯйи Исроил хайр намуда буд. Ин амали ӯро мардуми мусалмон бе подош нагузошта, дар ҷавоб ба Роналду ширкати телекомуникатсионии арабӣ китоби муқаддаси мусалмонон- Қуръонро тӯҳфа намуда, буданд, ки хатҳояш бо оби тилло гавишта шуда буд.
Пас аз гирифтани чунин тӯҳфаи қимматбаҳо аз ҷониби мусалмонон алорағми футболбози дигар- Месси, ки пули зиёдеро барои дастгирии артиши Исроил дода буд, майкаи футболбозияшро бо бозингарони исроили иваз накарда, сабаби ин тасмимашро чунин шарҳ дода буд:
« Ман ҳеҷ гоҳ либоси қотилро ба бар намекунам ва либоси худамро ҳам ба қотили тифлакони бегуноҳ намедиҳам!».
Инак баъди ин изҳороти Кристиану аксари расонаҳои Ғарб ҳадс мезананд, ки сабаби исломдӯстдории Кристиану дар мусалмон шудани ӯст, аммо аз баски бештари ҳаводорон ва сарпарастонаш масеҳиянд, мавсуф ҳарос аз он дорад, ки дар сурати иқрор шуданаш бар мусалмонӣ метавонад, ки мухлисони сершуморашро аз даст дода, сарпарастони масеҳитяш аз сарпарастӣ даст кашанд. Лекин то кадом андоза дуруст будани ин навиштаҳо маълум нест, чун худи Роналду то ба ҳол расман эълон накардааст, ки ӯ ба дини Ислом гаравидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ