Носирҷон Салимӣ Изҳори нигаронӣ мекунад

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО оид ба фаъолияти  шашмоҳаи аввали муассисаи мазкур дар соли 2016 гузориши мухтасар дод. Ӯ зимни бозгӯйи дастоварду муваффақиятҳои илмию таълимӣ ва хоҷагии донишгоҳ, инчунин ошкоро дар бораи навгониҳо ва камбудию мушкилоти муассиса дар давраи ҳисоботӣ сухан гуфт.

 Ба гуфти Н. Салимӣ, барои беҳтар огоҳӣ доштани волидон аз вазъи таълиму таҳсили фарзандон донишгоҳ сомонаи алоҳида мекушояд. Тақозои замон аст, ки барои беҳтар ба таҳсил фарогирии донишҷӯёни ғоибхон таҳсили фосилавиро роҳандозӣ менамоем. Ин сарсону саргардонии омӯзгорону донишҷӯёни ғоибхонро ҳангоми таҳсили 40-рӯза дар соли таҳсил пешгирӣ карда, маводҳои таълимиро аз василаи интернет мегиранд ва ба имтиҳонот омода мешаванд.  Соли равон дар донишгоҳ шӯрои дифоъ оид ба ҷуғрофия ба фаъолият шуруъ кард, ки ҳар сол 8-9 нафар омӯзгор метавонад рисолаҳои зарурии худро ҳимоя намоянд. Кураторӣ барои устодону омӯзгорон фаъолияти иловагӣ б шумор меравад. Барои он ки фаъолияти мазкур пуртаъсиру самарабахш гардад, шӯрои кураторон таъсис ёфта, ба музди кураторон 50 сомонӣ зам мегардад. Тартиб додани энсиклопедияҳои тахассусӣ аз солҳои гузашта ба нақша гирифта шудаанд, аммо то имрӯз танҳо эесиклопедияи кимиёро мураттаб сохтаем.

Н. Салимӣ  ба пурсишҳои хабарнигорон аз ҷумла    посух  дод, ки вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ташвишовар аст.

-Донишҷӯён давоми 1 моҳи таҷрибаомӯзӣ бояд тарзи дарсгузаронӣ ва муомила бо хонандагонро омӯзанд, — гуфт ректори ДДОТ. – Вале омӯзгорони мактабҳо ба таҷрибаомӯзии шогирдон ҳавасмандӣ зоҳир намекунанд. Бинбар ин, мо бо Вазорати маориф ва илм қарор додем, ки дар мактабҳо кафедраҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро таъсис диҳем. Ин кор аллакай ба таври  омӯзиш дар МТМҲ №№10 ва 70-и пойтахт татбиқ шуда, бо низомнома ва дастурҳои методӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Эмоми НАЗАРИЁН,

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *