Ронанда ҳалок гашт
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат,26-уми марти соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурдааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ