Матвиенко Убайдуллоевро бо медал қадрдонӣ кард

Раиси палатаи болоии парлумони Русия Валентина Матвиенко раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоевро бо нишони фахрии Шӯрои Федератсия «Барои рушди парламентаризм” қадрдонӣ кардааст.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия – палатаи болоии парлумони Русия ва раиси кунунии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии СНГ дар ҳошияи нишасти бахшида ба 25-солагии таъсиси ин Ассамблея дар шаҳри Санкт-Петербург бо раҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон мулоқотҳои алоҳида доир кардааст.

Валентина Матвиенко рӯзи 27 март аз ҷумла Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта ва ӯро бо нишони фахрии палатаи болоии парлумони Русия «Барои рушди парламентаризм” қадрдонӣ кардааст.

Матвиенко дар ин мулоқот Ассамблеяи байнипарлумонии СНГ-ро як воситаи муҳими муколама ва табодули назар байни вакилони кишварҳои пасошӯравӣ номида, гуфтааст, ҳайъати Тоҷикистон дар кори ин Ассамблея хеле фаъолона иштирок мекунад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар нишасти хабарии раҳбарони парлумонҳои СНГ гуфт:»Ассамблеяи байнипарлумонии СНГ як ниҳоди қавии риояи ҳуқуқу озодиҳои мардум ба шумор рафта, қонунгузориҳоро моро назорат ва ислоҳ мекунад.”

Ӯ нақши ин Ассамблеяро бахусус дар масъалаи таҳияи заминаи қонунии мубориза бо ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, коррупсия ва ҳам дар амри муқобила бо таҳдидҳои наве, чун терроризму ифротгароӣ хеле муҳим номидааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев рӯзи 25 март бо як сафари панҷрӯза ба манзури ширкат дар нишасти бахшида ба 25-солагии таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонии СНГ бо даъвати Валентина Матвиенко ба Санкт-Петербург рафт. Ин нахустин сафари Убайдуллоев ба хориҷ баъди дувуним моҳи барканориаш аз мақоми шаҳрдори Душанбе буда, то 29 март давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *