Ронанда марди шахсияташ номаълумро кушт
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 55-солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда шоми 4 апрел бо мошини “Мерседес Бенс” ҳангоми ҳаракат бо маҳаллаи Хайробод аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти маҳаллаи Кабудзори пойтахт, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагарди шахсияташ номаълумро зер мекунад: «Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, марди ҳалокшуда тахминан 50-55 сол дошта, шахсияташ ҳанӯз маълум нашудааст: “Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ