Ронанда пиёдагардро пахш карду гурехт, аммо…
Чуноне аз ВКД маълумот додаанд,25-уми июли соли 2017, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Раф-22031”, марди 57-солаи сокин ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарзамин-Исфисори ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мазкур дастгир гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ