Хонумҳои ғоратгар дастгир шуданд

Аз ҷониби кормандони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Ҷайҳун ду нафар зан бо гумони даст доштан дар ҷинояҳои ғоратгарӣ ва дуздӣ дастгир карда шуданд.

Бино ба маълумоти ВКД, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ Маматхонов Р., соли таваллудаш 1964, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуд, ки рӯзи 16-уми июли соли равон ҳангоми дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои машруботии назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Ҷ.Балхӣ қарор доштанаш зани ба ӯ ношинос 700 сомонӣ маблағҳои ӯро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зимни бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Мамадова Г., соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Дустӣ, ки пеш 3 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Зимни бозпурсӣ номбурда бо пуррагӣ иқрор гардид, ки дар ин ҷиноят даст дорад.
Нафари дигар Қурбонова Н., соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Вахдат, пеш 4 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қасдан даст ба ҷинояти дуздӣ зада, тасарруфи ниҳоии молу мулки ғайрро ба миқдори махсусан калон содир намудааст.
Чунончи ӯ санаи 19-уми июли соли равон аз истгоҳи терминали мусофиркашонии ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар автомашинаи тамғаи «Мерседес», рақамҳои кайди давлатиаш 46-96 СТ 02, ки ба Турдибеков С. тааллуқ дорад, савор шуда, аз қисмати пушти курсии ронанда маблағи 50 ҳазор сомониро бо таври пинҳонӣ тасарруф намуда, дар назди терминали мусофиркашонии ноҳияи Ҷайҳун аз автомашина фаромада, ба тарафи номаълум ғайб мезанад.
Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбонова Н. ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шуд.
Қурбонова Н. зимни пурсиш пурра ба гуноҳи худ иқрор гардида, далелҳои шайъӣ қисман аз ӯ гирифта шуданд.
Айни замон нисбати Мамадова Г. ва Қурбонова Н. бо моддаҳои 248 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Офоқ Қодириён

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *