Ронандагони авбош ҳам ҳабс шуданду ҳам ҷарима супориданд (аудио)
Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрвандон:
Солеҳов Анвар Акбаралиевич, санаи таваллудаш 03.10.1991 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” рақами қайди давлатиаш 2306ТТ09, хатсайри рақами 26;
Ибтидозода Ҳасани Аслиддин, санаи таваллудаш 09.08. 1991 истиқоматкунандаи н. Сино кӯчаи Ҳисор, пулчинак (кондуктор);
Исматзода Бахтовар Неъматулло, санаи таваллудаш 30.11.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳисор, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЕУ” рақами қайди давлатиаш 1998BG01 дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон 20-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:00 дақиқа дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъд аз бархӯрди автомашинаи тамғаи “ДЕУ” ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар се аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
Ҳамзамон, нисбати ҳар ду ронанда тибқи талаботи моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани қоидаҳои сабқат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ кард шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ