Дар Душанбе 11 мактаби нав ба истифода дода мешаванд

Дар соли нави нави таҳсили 2022 — 2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи нави  таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар ин бора  аз Раёсати  маорифи шаҳри  Душанбе хабар дода, афзуданд, ки дар макотиби ҷадид беш аз 9 ҳазор ҷой нишаст дар як баст фароҳам хоҳанд шуд.

Таъкид шудааст, ки бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бунёди макотиби нав бо ҷалби соҳибкорон чораҳо андешида шуда истодаанд. Масъулини мақомоти маорифи пойтахт мегӯянд, тамоми макотиби ҷадид бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *