Ронандаи «Hyundai» барои ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ 10 шабонарӯз ҳабс шуд

Мақомоти милитсия, бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, дар асоси шикояти як ҷавондухтари сокини пойтахт, ронандаи воситаи нақлиёти «Hyundai» бо рақами давлатиаш 7707МК10 – Мирзоев Комронро дастгир карданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, номбурда дар дохили мошини худ нисбати мусофир – ҷавондухтари муроҷиаткунанда, амалу ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ анҷом додааст.

Дар робита ба ин ҳолат, нисбат ба Мирзоев К. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба ӯ ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *