Ронандаи сархушро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд

Суди ноҳияи Рӯдакӣ сокини Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳия Ҳомидҷон Солиевро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин Ҳомидҷон Солиевро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Солеҳзода иттилоъ додааст.

Ҷавобгар Ҳомидҷон Солиев оиладор, соҳиби 6 фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад, вале ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнӯшӣ даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудааст. Ӯ дар ин ҳолат аз тарафи нозирони ШБДА ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.

Зарина Солеҳзода гуфт, ки Суди ноҳияи Рӯдакӣ соли равон бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 198 парвандаро баррасӣ намудааст, ки аз ин шумора 32 парванда пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд.

Инчунин Суди ноҳияи Рӯдакӣ соли равон бо сабаби иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 33 нафар сокинони ноҳияро бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба онҳо ҷазои маъмурии ҷарима таъйин намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *