Нуриддин Давронов ба «Юнайтед» меравад

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ба нимҳимоягари 26-солаи тоҷик  Нуриддин Давронов дастаи «Мадура Юнайтед»-и кишвари Индонезия  мароқ зоҳир намудааст. Тавре маълум гардид, имрӯз Нуриддин Давронов тавассути Истанбул баҳри гуфтушунид бо дастаи  футболи «Мадура Юнайтед» ба Индонезия парвоз намуд.

Бозингари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ки 2 соли охир дар дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  ҳунарнамоӣ мекард, ҳафтаи гузашта ба ҳайати дастаи дигари ин кишвар «Шривиҷая» ҳамроҳ гардид. Беҳтарин бозингари Ҷоми КФО дар ҳайати дастаи нав аллакай чанд бозӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *