Муҳаммад (с)чӣ мехӯрду чӣ мепӯшид?

 

Ҳамду сано Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар беҳтарин ва Ҳотами паёмоварони Ӯ, Муҳаммад алайњиссалом, он раҳнамои росткору амин, рисолатовари Илоњӣ барои тамоми башарият ва нажодҳо ва бар хонадони поку ҳамроҳони ростини ў, ки рисолати динро бар тамоми ҷаҳон расонданд. Худованди муттаол дар Қуръони азимушшаън мефармояд:

“Сармашқ ва намунаи зебоӣ дар Паёмбари Худо барои шумо вуҷуд дорад. Барои касоне, ки умед ба Худо дошта ва ҷӯёи қиёмат бошанд ва Худойро бисёр ёд кунанд”.

Паёмбари мо (с) дилсӯз ва меҳрубон, хайрхоҳ ва некандеш, дорои кирдор ва гуфторест, ки барои ҳар инсоне дар ҳар замон ва дар ҳар макон ва дар ҳар мақом ва мавқеъ, беҳтарин сармашқ ва болотарин намунаанд. Касе дар сафои рӯҳ ва иртибот бо малакути аъло ва дарёфти ваҳӣ ба мақоми он ҳазрат намерасад, чаро, ки Худованд нубувватҳоро ба василаи ӯ ба итмом расонид ва шариати вайро охирин шариат барои башар қарор дод.

Авсофи он Ҳазрат (с) ба гунае буданд, ки ҳар мусалмоне дар орзуи он аст, ки ба ахлоқи ў ороста ва пайрави ҳидояти ў бошад, то андаке аз бурдборӣ, талош, порсоӣ, ибодат, фидокорӣ ва аз худгузаштагии эшон баҳра бибарад ва аз шеваи ғизо хӯрдан ва либос пӯшидани эшон сармашқе бигирад, зеро ки Худованд паёмбарашро бо ин мадҳи бузург манзалат бахшидааст: “Ва ба ростӣ ту дорои хулқи волое ҳастї”.

Зиндагонии Паёмбар алайҳиссалом дар миёни соири улум аз ҷойгоҳи сазовор ва аҳамияти хосе бархўрдор аст, зеро мусалмон бо омӯзиши он шинохте дар робита бо дину оини худ ва аҳволу мароҳили зиндагонии Паёмбари худ ба даст меоварад ва ба умқи иноят ва илтифоти Худовандӣ нисбат ба он меҳтари олам, ки насли ӯро аз асли асилзодагон ва насаби бузургзодагон ба вуҷуд овардааст, пай мебарад. Инчунин пай мебарад, ки азамату дараҷоти бузургӣ ва баландии пояҳои арзишмандии ӯ назди Ҳазрати маъбуд ба дараҷаест, ки ӯро ба мақоми гузориши ваҳй ва расонидани рисолати Худ баргузидааст. Аз ҷониби дигар аз талошҳои хастагинопазир ва кӯшишҳои бевақфаи он Ҳазрат, ранҷу заҳмат ва сахтиҳое, ки таҳаммул кардааст ва ба дунболи он фаро расидани нусрати Худовандӣ ва имдодҳои ғайбии ў бо сафарбар намудани лашкариёни ғайбӣ ва фароҳам сохтани сабабҳо ва воситаҳо, фиристодани баракот ва таҳаққуқ ёфтани рўйдодҳои хориқулода.

Касоне, ки он Ҳазратро дидаанд, чунин тавсиф мекунанд: Зоҳире нуронӣ ва чеҳрае дурахшон доштанд. Дорои нуре буданд, ки он Ҳазратро бар ҳама кас бартарӣ мебахшид. Қадамҳояшон дар ҳадди ниёз буд ва бо қадамҳои устувор бо оромиш ва виқор роҳ мерафтанд. Чашмашон доим поин буд ва ба замин беш аз осмон назар меандохтанд.

Ӯ хашмгин намешуд

Вақте бо касе рӯ ба рӯ мешуданд, дар салом кардан аз ӯ пеши мегирифтанд, бидуни ниёз суҳбат намекарданд, суханашонро бо номи Худо оғоз ва бо номи Ӯ ба поён мерасониданд. Суханонашон шумурда-шумурда ва қотеъ буд ва нуқсоне дар он роҳ надошт. Фасеҳ ва балеғ суҳбат мекарданд ва бефоида лаб ба сухан намекушоданд. Ҳаргиз аз таоме бадгӯӣ намекарданд ва ҳеҷ вақт ба хотири умури дунё ё масоили шахсии худ хашмгин намешуданд. Ба хотири худ интиқоме намегирифтанд. Вақте хушҳол мешуданд, чашмонашонро поин меандохтанд ва хандаашон табассум буд. Он Ҳазрат хушсимотарин, зеботарин, бахшандатарин ва ҷавонмардтарини одамиён буданд. Аз фақр намеҳаросиданд. Ҳаргиз талаберо рад накардаанд. Ҳар гоҳ ду амр пеш меомад, осонтарини онро ихтиёр мекарданд.

Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо гуфтаанд: “Ахлоқашон айни Қуръон буд”. Ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу дар тавсифи он Ҳазрат мефармоянд: “Ҳар кӣ рӯ ба рӯ он Ҳазратро медид, бузургворашон меёфт ва ҳар кӣ бо эшон ошно мешуд, дӯсташон медошт”.

 Муҳаммад (с) чӣ  мехӯрду чӣ мепӯшиданд?

Дар зиндагии шахсӣ низ ҳаргиз сахт намегирифтанд. Ҳар либосе, ки барояшон осон даст медод, мепӯшиданд. Бештар аз либоси маъмулии мардум истифода мебурданд, аммо ҳангоми истиқболи меҳмон ё ба муносибати ид, либоси хубу муносиб мепӯшиданд. Ҳар ғизое, ки мавҷуд мебуд, мехӯрданд ва агар чизе пайдо намешуд, гурусна мехобиданд ва гоҳе аз шиддати гуруснагӣ санге бар шиками худ мебастанд.

Агар ба зиндагии дар манзил назар андозем, бо ҳамсарон ҳамнишин ва ҳамсуҳбати хуб буданд. Бо онњо суҳбат мекарданд, ахлоқ ва маниши онҳоро мепазируфтанд ва ҳассосият ва рўҳияи ҳар кадомеро дар назар мегирифтанд.

Ба мусалмонон мефармуданд: “Беҳтарини шумо, беҳтаринатон барои хонаводааш аст”.

Касеро зарб назадаанду…

Анас (р.з) ходими он Ҳазрат (с.а) мегӯяд: “Даҳ сол ба Паёмбари Худо хидмат кардам, ҳаргиз нафармуданд: “Оҳ аз дасти ту”. Дар тӯли даҳ сол ба хотири коре, ки карда будам ё коре, ки таъхир карда будам, маро бозхост накарданд ва дар пардохти музд ҳаргиз ситаме раво намедоштанд”.

Ҳазрати Оиша (р.а) мегӯянд: “Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳаргиз касе ё чизеро зарб назаданд, на занеро ва на хидматкореро”.

Агар ба муносибати он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бо ёронаш назар кунем, пас Абўҳурайра (р.з) нақл мекунад:  “Бо Расули Худо ба бозор рафтем, то шалворе бихаранд. Фурӯшанда хост, дастони он ҳазратро бибӯсад. Паёмбар дасташонро ақиб кашиданд ва ӯро аз ин кор манъ карда фармуданд: Ин корро мардуми форс дар муқобили подшоҳонашон анҷом медиҳанд. Ман подшоҳ нестам, ман марде аз худатон ҳастам. Сипас шалворро бардоштанд. Ман хостам онро барои Паёмбар бардорам, вале иҷоза надоданд ва фармуданд: Барои бардоштани ҳар чизе соҳибаш сазовортар аст”.

Агар ба фурӯтанӣ ва ибодати Паёмбар бингарем, эшон муроқибат ва назорати Худоро бениҳоят эҳсос мекарданд ва бисёр аз Худо меҳаросиданд ва фаровон ибодат мекарданд. Шабҳо бедор ва дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд буданд. Оиша (р.а) ба он Ҳазрат боре гуфтанд: “Чаро ин ҳама ибодат мекунед, дар ҳоле ки Худованд гуноҳони пешину пасини шуморо бахшидааст?” Дар посух фармуданд: “Оё бандае шукргузор набошам?”. Он Ҳазрат Худоро бисёр ёд мекарданд. Хӯрдан, нӯшидан, нишастан, бархостан ва шурӯи тамоми корҳояшон бо номи Худо буд ва чун тамом мешуд, “Алҳамду лиллоҳи раббил-оламин”­ро зикр мекарданд ва ҳаргиз аз розу ниёз бо Худо хаста намешуданд ва инчунин дуо мекарданд: “Парвардигоро, аз илме, ки баҳрае нарасонад ва аз амале, ки пазируфта нашавад ва аз дуое, ки мустаҷоб нагардад, ба Ту паноҳ мебарам”.

Инҳо ки зикр кардем, як пораи хурде аз зиндагиномаи сарвари коинот Паёмбари гиромӣ ва беҳтарини махлуқот буданд. Дар мавриди дигар ҷонибњои ахлоқии эшон, аз љумла фидокорӣ, амонатдорӣ, ҳаё, ихлос, садоқат, покдоманӣ, хушрафторӣ бо ҳамсоя, фасоҳати забон ва дигар ахлоқи накӯ агар ҳазорон ҷилд китоб навишта шавад, боз ҳам кам аст.

Вуҷуди пурбаракаташон зиндагии башариятро ба куллї тағйир дод ва дар миёни инсоният адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, риояи ҳақ ва яктопарастиро ривоҷ дод.  Мавлуди Паёмбари гиромии Ислом бар ҳамагон муборак бод!

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, устоди ДИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *