Ронандаи таксиро барои 37 сомонӣ мизоҷаш 8 корд зад

Дар Душанбе як ҷавони 23-сола, ронандаи ширкати “Як таксӣ” ба қисмати гардан ва дастонаш аз ҷониби як мизоҷаш 8 зарби корд гирифтааст.

Ҳамла ба ҷабрдида, Зиёвиддин Беков дар минтақаи Яккачинори шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Бино ба иттилои дастрасгардида, ин ҷавон чор моҳ боз бо мошини иҷора дар ширкати “Як таксӣ” фаъолият доштааст.

Роҳкирои мизоҷ 37 сомонӣ шудааст. Пас аз он ки ронанда маблағи роҳкироро мегӯяд, ҳамон лаҳза мизоҷ ки дар нишастгоҳи қафои мошин буд, бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастонаш як зарбаӣ кордӣ мезанад.

Ронанда дарҳол муқобилият нишон дода, аз мошин фаромада мегурехтааст. Баъдан роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ҷабрдидаро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Баъди ҷарроҳӣ ва табобати духтурон ҳоло ҳолати ронанда беҳтар шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақомот аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.                              

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *