Дар Душанбе чоргоник ба дунё омад

Рӯзи гузаштаи санаи 25-уми январ дар беморхонаи “Истиқлол”-и чоргоник таваллуд шудааст.

Ин дуввумин ҳодисаи ба дунё омадани чоргоникҳо дар моҳи январи соли равон аст. Гуфта мешавад, ки таваллуди чоргоникҳо дар беморхонаи Истиқлол тасдиқ шудааст.

Чоргоникҳо се духтар ва як писар буда, тавассути ҷарроҳӣ ба дунё омаданд. Вазни онҳо аз 1 килою 800 грам то 2 килою 200 грамро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми январ Мижгона Асоеваи 27-сола, сокини деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ чоргоник таваллуд карда буд.

Онҳо ду писару ду духтар буда, то ҳол зери назорати духтурони беморхонаи шаҳри Бохтар қарор доранд. Вазъи саломатии чоргоникҳо мӯътадил арзёбӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *