Сапеда Афшин Хонбулукӣ: Бо осори Сорбон хандида, гириста, зистаам…

Вақте бо Сапедаи эронӣ ҳамсуҳбат мешавед, гумон мекунед, ки дар суҳбати Шарифа, Шаҳбону, Сангиной, Ашӯра, Ҳамида ва ё кампири Чинӣ ҳастед, зеро ин хонуми эронӣ беш аз 30 сол аст, ки ба пажӯҳиши осори устод Сорбон машғул аст. Ӯ ба воситаи асарҳои ин нависандаи бузурги тоҷик ба забони тоҷикӣ ва ё тавре дар Эрон мегӯянд, форсии фарорӯдӣ дил баста, ба мардуми тоҷик меҳр меварзад. Дар арафаи зодрӯзи 84-солагии устод Сорбон бо чанд суол ба хонум Сапеда Афшон Хонбулукӣ муроҷиат кардем.

— Бо мардуми тоҷик ва Тоҷикистон аз кай ошноӣ доред?

— Ман аз замони таҳсил дар донишгоҳ медонистам, ки тоҷикон ҳамзабону ҳамфарҳанги мо ҳастанд. Вале аз соли 1996, вақте дар як муассисаи пажӯҳишӣ ба кор пардохтам, бо мардуми тоҷик ва Тоҷикистон бештар ошноӣ пайдо кардам. Дар ин пажӯҳишгоҳ қарор буд як луғати форсии фарорӯдиро омодаи нашр кунем. Ман масъул будам, ки осори чанде аз адибони тоҷикро, ки қаблан интихоб шуда буданд, бихонам ва вожагони онро барои луғат интихоб намоям.

— Бо номи нависанда Сорбон чӣ тавр ошно шудед ва чӣ боис шуд, ки ба осори ӯ алоқа пайдо кунед?

— Зимни мутолиоте, ки дар пажӯҳишгоҳ доштам, бо осори устод Сорбон ошно шудам. Сорбон нависандаи реалист ва нотуралист аст, шахсиятҳои достонҳояш бисёр комил тасвир шудаанд ва боварпазиранд. Дигар нуктае, ки дарёфтам, Сорбон бо тоҷик будани худ ифтихор дорад. Ҳамин аст, ки саъй дар сабту забти фарҳанг, одобу русум ва суннатҳои тоҷикон дорад; бо воқеъбинӣ ва шинохти амиқе ки аз иҷтимоъ дорад, тасовири ӯ рӯшан аз халқи тоҷик ироа мешаванд; доираи густарда ва васеъи вожагонро ба кор мегирад, ки бахше аз он вожагони маҳаллӣ ҳастанд, бинобар ин, ӯ нақши муҳимеро дар сабту забти вожагони фарорӯдӣ ифо карда ва осори ӯ манбаи муҳим барои ҷустуҷӯи забони форсии фарорӯдӣ метавонад бошад, ки ин дастоварди каме нест. Дигар ин ки, ин нависанда бисёр дидаву шунидааст ва аз ин тӯшаи пурарзиш бисёр баҳра бурдааст. Устод дар хилвати худ, дар банди хаёлу хотирот вожаҳоро чунон мавзуну равон ва ҳамоҳанг дар канори якдигар мечинад, ки дар ин ҳангом чун саворкори моҳирест, ки инони маркаби суханро дониставу огоҳона ба ҳар сӯ ки бихоҳад, мекашонад ва гоҳе ҳамчун тасвиргари забардаст табиатро бо рангҳо ба тасвир мекашад ва гоҳи дигар ҳамчун як мусиқинавози хушзавқ бо захма задан бар сози худ ё ки бар дили хонанда зеру бами наво ва ҷӯшу хурӯши созро дар ниҳояти устодӣ ба гӯши шунаванда мерасонад. Тавре аллакай гуфтам, Сорбон ватандӯсти ҳақиқист, зеро номи маконҳо, кӯҳҳо, рӯдҳо, таомҳои мухталифи суннатӣ ва ҳар гулу гиёҳи ватанашро дар ниҳояти камол медонад ва дар асарҳояш ба таври муносиб ба кор бурда, онҳоро умри ҷовидон бахшидааст.

— Дар як номаи хеш ба унвони устод Сорбон аз тағйири сабки навишташон нигаронӣ карда будед. Он замон нависанда ба шумо посух ҳам гуфта буд.

— Бале, замоне, ки он мактубро навиштам, исрори зиёде дар корбурди вожагони ноби порсӣ доштам. Одат карда будам, ки дар осори устод Сорбон ганҷинае аз вожагони маҳаллӣ бубинам. Вақте дидам, ки дар яке аз достонҳои кӯтоҳашон сабки хешро тағйир додаанд, зуд номае ба эшон навиштам. Устод ҳам бо бузургворӣ ва фурӯтанӣ, бисёр муаддабона ба банда посух навиштанд. Баъдан дарк кардам, ки пурсишҳои ман оганда аз таассуби беҳуда ва иштибоҳ будааст…

— Сабки феълии устод Сорбонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Сабки устод Сорбон ба ҳамон шакле, ки дар аввал буд, боқист ва фақат боқувват шудааст. Эшон нависандаи соҳиби сабки хос ҳастанд. Ба забони тоҷикӣ, форсии роиҷ дар Эрон ва осори классикӣ пурра мусаллат ҳастанд, яъне аз нигоҳи вожагон ганҷина доранд. Ошноӣ бо забони русӣ дастоварди дигари эшон аст.

Ин ҷо мехоҳам як нуктаро зикр кунам. Дар осори Сорбон ҳамеша некӣ бар бадӣ пирӯз мешавад. Чун Сорбон бо асар гирифтан аз муҳити атроф ва рӯйдодҳои таърихиву сиёсӣ аз тирагиҳову талхиҳо ва нобасомониҳои рӯзгор сухан мегӯянд, бисёриҳо фикр мекунанд, ки достонҳои эшон саросар аз ғаму андуҳ иборатанд ё характерҳои офаридаи эшон бештар ноумед ҳастанд, вале вақте кас бодиққат мутолиа мекунад, ҳамеша пирӯзии некӣ бар бадиро мебинад. Сорбон талқин мекунад, ки ҳеҷ гоҳ набояд ноумед шуд…

— Дар таҳқиқи осори устод Сорбон ба чӣ дастовардҳо ноил шудед?

— Дастовардҳо зиёд буданд.

Аввал, ки дӯсти беназир ёфтам. Ман бо осори устод Сорбон хандида, гириста ва зистааам. Ва аз таги дил хостаам, ки ҳангоми хондани ҷумлае аз достонҳои эшон, ҳамон лаҳза бо эшон сухан бигӯям ва гуфтаам ва посух ҳам гирифтаам. Ҳамеша ҳасрат хӯрдаам, ки чаро ҳамсояи эшон набудам, зеро он вақт дар бораи решаи вожаҳо, табиат, зебоиҳо, одамҳо, парандагону чарандаҳо ва ҳама чиз бо эшон суҳбат карда метавонистем.

Дуюм, бо сабки нависандагии мунҳасир ба фард ошно шудам  ва вожагони бисёр зебоеро ёд гирифтам. Аз тариқи устод Сорбон бо фарҳангу русуми мардуми тоҷик, бо суннату одоби иҷтимоӣ, зарбулмасалҳо, масоили таърихиву сиёсӣ, бояду набоядҳои шаръӣ, боварҳои мазҳабӣ, хурофот, хӯю маниши мардуми кӯҳистон, номи ҷою гиёҳҳо ва эҳтироми мардуми тоҷик ба китобу шеъру шоирӣ ва ғайра ошно шудам.

Сеюм, осори Сорбонро мавзуъи рисолаи докторӣ интихоб кардам. Таълифи рисолаамро дар соли 2004 ба итмом расонидам.

Чорум, осори устод Сорбонро ба дабираи порсӣ баргардон кардам. Зеро бароям муҳим буд, ки рисолати худро ҳамчун як пажӯҳишгар ба сомон расонам, то форсизабононе, ки хати сирилликро намедонанд, битавонанд ин достонҳоро бихонанд.

— Оё осори устодро дар Эрон нашр кардед?

— Дар соли 2014 зимни гуфтугӯйи телефонӣ, устод Сорбон лутф карданд ва ҳақи баргардон ва нашри осорашонро дар Эрон ба ман доданд. Чанд китоби устод омодаи чоп аст. Марҳилаи бозхонии онҳо ҳам анҷом шуд. Ношире ҳам масъулияти нашри онҳоро ба дӯш гирифт. Ба зудӣ китобҳои эшон дар Эрон нашр мешаванд.

— Чӣ рӯзгор доред? Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки наққошӣ мекунед. Сурати устод Сорбонро ҳам кашидед…

— Банда, коршиносии адабиёти форсӣ дорам (боколавр), коршиноси аршади фарҳангу забонҳои бостонӣ (магистратура) дарёфтаам, эҷодиёти устод Сорбон мавзуъи пажӯҳиши докториам аст. Ба пажӯҳиши забону фарҳанги мардуми тоҷик машғулам. Ба ҷуз китобҳои устод Сорбон, китобҳои дигареро ҳам бо форсӣ баргардон кардаам, аз ҷумла “Шоҳнома” ва Чернишевский”-и Валӣ Самад, “Қиссаҳои ширини айёми бачагӣ”-и доктор Мирбобои Мирраҳим, китоби “Яғнобӣ ба форсӣ” ва “Яғнобӣ ба тоҷикӣ”-и Сайфиддин Мирзозода ва ғайраро ба дабираи форсӣ баргардон кардаам. Наққоширо бошад, аз соли 1980 оғоз кардаам ва то кунун ба шакли ҳирфаӣ ба ин кор мепардозам. Дуруст мушоҳида кардаед, ки чанд  сурати устод Сорбонро ҳам тасвир кардаам.

— Бо он ҳама ишқу алоқае, ки ба мардуми тоҷик доред, боре ба Тоҷикистон наёмадаед…

— Бале, ҳамеша нияти сафар ба Тоҷикистонро доштам. Аммо, номулоимоти рӯзгор, бемориҳои мухталиф, пастиву баландиҳо имкон надоданд, ки ба Тоҷикистон равам. Вале ин орзуро ҳанӯз ҳам дорам.

— Хонум Сапеда, ташаккур, ки барои ин суҳбат фурсат пайдо кардед.

— Сипос аз шумо, ки имкон фароҳам овардед, то дар бораи устод Сорбон ҳарф бизанем. Медонед, ба ин суҳбат на устод Сорбон, балки мо бештар ниёз дорем. Зеро мушоҳида кардаам, ки барои Сорбон муҳим нест, то усулан касе дар бораи худаш ё осораш сухан кунад. Ӯ дар худ чунин шахсияти воло сохтааст. Ҳамин аст, ки ба назари мусбату манфии дигарон чӣ дар бораи худаш ва чӣ дар бораи осораш бархӯрди бузургворона дорад, зеро ҷойгоҳи хешро хуб медонад. Ҳамеша фикр мекунам, ки Сорбон аз таги дил хостааст, то аз зиндагии ғалмағали шаҳрӣ ва масоили матраҳ дар ҷомеа, аз мардуми дигаршуда, аз садои занги телефон ва занги дари хона дур бошад ва ба садои табиат гӯш бисупорад ва дар канори парандагони зебояш ва хонаводаи дӯстдоштаниаш зиндагии ором дошта бошад. Тамоми хостааш кунҷи тинҷу амн аст, то дар он ҷо биншинаду бинависад… Ӯро на ба зӯрӣ, на ба зорӣ ва на ба зар барои анҷоми коре водор карда наметавонанд, агар худ моил ба анҷом доданаш набошад. Ин бисёр муҳим аст. Дар солрӯзашон ба устод Сорбон, ки аз беҳтарин, шарифтарин ва арзандатарин шахсиятҳо ҳастанд, орзуи сиҳатӣ ва таманнои умри дарозро дорам.

Мусоҳиб:

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *