Ронандаи вазир Ба хотири нафси писараш ҳаёти набераамро сӯхт

 

Мушкилоти сангине дорам. Ба чанд ҷо муроҷиат кардам, посух дарёфт накардам.Мехоҳам барои ошкор намудани амали ноҷавонмардонаи Мӯсои Маҳмадзоир, ки ронандаи яке аз вазирони калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ҳаёти сахти худ ва фарзандам нақл кунам. Гап сари он меравад, ки фарзанди Мӯсои Маҳмадзоир, дар куҷое  набераи ман Нилуфар Абдуллоеваро дида, таги чашм мекунад. Мӯсои Маҳмадзоир бо ҳазор ҳилаву найранг духтарам Абдуллоева Шаҳлоро розӣ мекунаду наберамро ба писараш Фароиз фотиҳа мекунад. Дар давоми ним моҳ ӯро тӯй карда мебарад. Аз рӯзи фотиҳа шудани набераам, қудо ва худи домодро  ҳамагӣ як маротиба дидам, он ҳам дар шаби никоҳ.

Шабе, ки бояд никоҳ баргузор мегашт, бародари домодшаванда омода китфу бозувони худро васеъ карда, дар назди хешу табор бо  такаббур:  “Ҳами раиси тӯй хдш кияй?”,- гуфта пурсид. “Ман” гуфта ҷавоб додам. Ба хотире ки аз ҳама калонсолтар дар он тӯй ман будам. Масъулият ҳам ба гардани ман буд. Бародари домод, бо як овози дағалона гуфт, ки ҳозир “ЗАГС” мекунем, баъд арӯсро мебарем, дар хона муллоҳои “худамон” никоҳ мекунанд. Вале ман розӣ нашудам. Гуфтам аз “ЗАГС” рафта иҷозатнома гирифта, дар ҳамин хона никоҳ мекунед, баъд иҷозат медиҳам, ки набераамро баред.

Ростӣ, аз рӯзи аввале, ки ба хостгории набераам омада буданд, ба тӯй  ман розӣ набудам. Аммо сари духтарамро гаранг карданду ӯ ҳам ба тӯй розӣ шуд. Дар  шаби никоҳ ба назарам аҷиб намуд, ки чаро мисли дигарон дар хонаи арӯс никоҳ намекардаанду бурда дар хонаи худашон ин маросимро баргузор мекардаанд. Аммо дили духтару набераам “сиёҳ нашавад” гуфта, хавотирии худро нишон надодам. Акнун ҳозир хулоса мебарорам, ки зери коса нимкоса будааст.

Баъди се рӯзи тӯй домодро гирифта, ба маҳкама бурданд. Набераи ман бошад, аз фикри зиёду азоби ботинӣ ба бемории асаб гирифтор шуд. Қудоҳо моро ба хонаашон даъват карда, гуфтанд, ки духтари «касалӣ»-атонро гирифта баред. Ман бо ҳамроҳии духтараму раиси маҳалла рафтем. Новобаста ба он ки бо мо дағалӣ карданд, вале  гуфтем, ки духтар келини шумо. Агар нотоб шуда бошад, табобат кардан вазифаи шумост. Мо ба хона баргаштем. Тақрибан як ҳафта пас ҳолати набераам тамоман бад шуд. Маҷбур шудам, ки ӯро гирифта, ба хона оварам ва тӯли се моҳ ба табобаташ машғул шудем.

Баъди чанд вақт ҳукми домодамро бароварданд. То ҳамон вақт мо бехабар будем, ки Фароизро барои кадом гуноҳаш ба маҳкама бурданд. Дар вақти баровардани ҳукм маълум мешавад, ки ӯ паҳнкунандаи маводи мухаддир  будаасту бо миқдори зиёди навъи “хашиш” ӯро дастгир намудаанд. Ӯ чанд вақт пеш аз тӯй ба даст афтода будааст ва  барои гузарондани маърака се рӯз “харида” оварда будаанд. Набераам бо шавҳараш ҳамагӣ се рӯз зиндагӣ кардааст. Баъди фаҳмидани чунин хабар набераи мушти парам худро аз даст медиҳаду аз ғаму ғусса бемор мешавад. Домод як рӯз аз маҳкама занг зада, бо Нилуфар гап зад. Аз тариқи телефон доду фиғон бардошт, ки ту аз хона рафтӣ. Агар тоқат намекарда бошӣ, се талоқ кардамат-гуфту телефонро кушт. Ин аввалину охир маротибае буд, ки набераам бо шавҳараш баъди тӯй гап зад.

Пас аз ин, ману духтарам бо шоҳидон: раиси маҳаллаву ҷонишинаш ба хонаи М.Мӯсоев рафтем ва аз ӯ оид ба фиребгариву қаллобиаш пурсон шудем. Вале ӯ бо дашномҳои қабеҳ моро аз хонааш пеш кард. Мо гумон доштем, ки ронандаи вазир шахси бофарҳанг аст, аммо ҳайҳот…Касе “пишаки ӯро пишт намегӯяд”.

Наход дар кишвар обрӯйи як ронандаи вазир то ҳамин ҳад боло бошад, ки ӯ ҳар чӣ хоҳад, бо мардум кунад ва илова бар ин аз ҷазо гурезад? Оне, ки бо фиреб фарзандашро аз маҳбас барои се рӯз ҷавоб гирифта, ба хотири кайфияти писараш як духтари тоҷикро тӯъмаи ҳароми нафси фарзандаш месозад, шояд рӯзе даррасад, ки асрори вазири калидии кишварамонро ҳам фош созад. Барои ин қабил мардум манфиати шахсӣ аз ҳама боло меистад. Наход  чунин як нафари ҳилагар, ки ҳаёти набераи маро сӯзонд, то ҳол ронандаи вазир бошад? Албатта, вазир ҳеҷ гуноҳе надорад, аз ин хотир аз зикри номаш худдорӣ мекунам, аммо чунин як комталаби фарзанд магар метавонад дар паҳлӯи ӯ бошаду аз номи вай истифода кунад ва бо ифтихор ба мардум гӯяд: “Ман ронандаи вазир ҳастам!”

Абдураҳими Абдуллоҳ,

профессори

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *