Бизнеси ҷӯгиҳо Мӯи сар бар ивази киштии кайҳонӣ

 

 Лӯлиҳо, ба қавли мардуми маҳаллӣ ҷӯгиҳо, аз қадим боз аз саҳар то бегоҳ хона ба хона гашта нони қоқ ҷамъ мекунанд. Чӣ хеле худашон мегӯянд, онро агар ҷӯгӣ нагирад, ба говҳояшон медиҳанд. Қаблан ҳам  шунида будам, ки фермерҳо барои хӯроки чорво аз лӯлиҳо нони қоқ харида, ба чорвояшон медиҳанд.Агар ин миқдор нони қоқе, ки дар як шабонарӯз ҷугиҳо аз аҳолӣ ҷамъ мекунанд, ҳисобу китоб кунем,натиҷа як бизнеси калон мешавад…Солҳои қаблӣ шакли классикии талбандагии лӯлиён  ин гирифтани нон ва ё чанд танга буд. Акнун онҳо ҳам замонавӣ шудаанду талаботашон ҳам “мудерн” шудааст Бизнеси  дигаре, ки  ҷӯгиҳо ба дасти худ гирифтаанд,  ин ҷамъ кардани мӯи сар ва ё куртаи мардона мебошад…

Якшанбеи гузашта ҳангоми аз кӯча гузаштан ду лӯлизанро дидам, ки гурӯҳе аз занҳои кӯчаро дар гирди худ ҷамъ карда, савдояшон дар авҷ буд.  Зарфҳои пластикиро ба  мӯисар ва ё куртаҳои мардонаи аз «упаковка» накушода иваз мекарданд. Барои ман хеле аҷиб намуд, ки куртаю мӯйи сарро гирифта ҷӯгиҳо ба чӣ кор сарф мекунанд? Ин савол маро ба майдони «ҷанг» кашонид. Рафта ба суҳбаташон аз дур гӯш додам. Дар ҳаминҷо ҳам занҳои сарфакори мо ба мисли мардҳо дар бозори молу гов савдо карда истода буданд:

-Биё, ҳамин 5 куртаро медиҳаму инро мегирам, — гуфта ба зарф ишора намуд, як зан.

-Не намешад, апаҷон. Ақаллан ҳафтто биёр. Бин «контейнер»-и калон аст.  Бо панҷто курта намедиҳам…

Аз лӯлизан пурсидам, ки мӯи сар ва куртаҳоро чӣ кор мекунед? Дар ҷавоб гуфт,  ки дар шаҳри Турсунзода заводе ҳаст. Инҳоро бурда ба ҳамон завод месупорем. Як кило мӯисар 100 сомонӣ меистад…

-Мӯи сарро дар он завод чӣкор мекунанд?  Ё мӯи сар ҳам металл дорад?- пурсидам аз лӯлӣ.

-Не, аммо аз мӯйи сар жемперу либосҳои пашмин мебофанд. Матои куртаҳои мардонаро коркард карда, дигар чиз медӯзанд… Мо як кило мӯи сарро қариб ду- се ҳафта ҷамъ мекунем. Бригадир ҷамъ карда, ба завод бурда месупорад. Ӯ аз қавми тоҷикон аст.

Барои фаҳмидани суроғаи заводе, ки бо «мӯйи сар» кор мекунад,  ба шиносам Умеда,  сокини шаҳри Турсунзода занг зада, суроғаашро пурсидам. Ӯ ҳайрон шуда гуфт, ки лӯлиҳо ба мо мегӯянд, ки баръакс,   дар Душанбе аз ин мӯйи сар «парик» месозанд.  Аммо “гурги борондидаи журналистика” Маҳина Давлатова, ки ҳама чизро медонад, гуфт, килӯлиҳо мӯи сарро  аз мардум ҷамъ мекунанду бо нархи гарон ба хитоиҳо мефӯрушанд. Ҳамсояи якуниммиллиардаи мо гӯё аз он мӯи сари сохта, мижгони сохта ва чанд чизи барои занҳо зарурии дигар месозанду оварда, боз дар  бозори мо мефурӯшанд. Боре бо лӯлизане суҳбат карда будам, ки ҳамсарашро аз барои  пули ҳамин мӯи сар кушта буданд. Ин бизнеси калон аст ва пули калон чарх мехӯрад…-мегуяд  Маҳина.

Пайи боз ҳам аниқтар намудани ин масъала ба раиси дастгоҳи шаҳри Турсунзода, Муҳсиддин Назирзода дар иртибот шудем. Ӯ ҳам суханони ҷугиро инкор намуду гуфт, ки ҳарчанд дар шаҳр корхонаҳои хурду бузург зиёд аст, аммо корхонаи коркарди чунин маҳсулот вуҷуд надорад.

То имрӯз паи дарёфти ҷавоб ба суоле, ки боло зикр шуд, ҳастам. Яъне лӯлиҳо  мӯи сари инсонро чӣ кор мекунанд, ба куҷо месупоранд ва аз аз ҷамъ кардани он чӣ фоидае мебинанд? Хеле кӯшидам, вале натавонистам муайян намоям, ки мӯи сари мо ба кӣ лозим? Ба ягон ҷодугар, ба мулло, сеҳргар ва  ё барои сохтани ягон асбоби ниҳоят махфии ракетаи кайҳонӣ? Воқеан, аз он чӣ месозанд: «парик», жемпер ё чизи дигар? …

Саодат РОЗИҚЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *