Роштқалъа: Комиссияи ҳукуматӣ дар мавзеи офати табиӣ

Дирӯз, 29-уми июни соли равон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ҳамроҳии комиссияи ҳукуматӣ аз мавзеи офати табиӣ дар деҳаи Миденведи ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилоят, нахуст гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳали будубоши муваққатии сокинони аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Анҷин боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо барои хӯрду хоб ва будубоши 31 хоҷагӣ бо теъдоди 143 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 15 хоҷагии зарардида ва 16 хоҷагии зери хавф қарордоштаи деҳаи мазкур бо супориши бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

— Дар ин ҷо раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва комиссияи ҳукуматӣ бо зарардидагони офати табиӣ суҳбат доир намуданд. Роҳбарияти вилоят аз дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минҷумла ҳангоми ба вуқуъ пайвастани офатҳои табиӣ дар вилоят ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ Сарвари давлат тамоми ниҳодҳои марбутаро барои бартараф намудани он сафарбар намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат сокинони зарардида бо манзили зист ва тамоми шароити зарурӣ таъмин хоҳанд гардид,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки пас аз суҳбат комиссияи ҳукуматӣ ба маҳали офати табиӣ омада, бо вазъи феълии мавзеи сел ошноӣ пайдо намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *