Ӯзбекистон: Имрӯз рафтуомади ҷавононро бо автобусҳо ройгон мекунанд

30-юми июн дар Ӯзбекистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти Тошканд тасмим гирифтаанд, ки дар ин рӯз рафтуомади автобусҳо барои афроди аз 14 то 30-соларо ройгон кунанд.

«Тошшаҳартрансхизмат» хабар медиҳад, ки дар протоколи ҷаласаи ҳукумат аз 1-уми июн рафтуомади ройгон дар ин рӯз пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 2018 Рӯзи ҷавонони Ӯзбекистон 30-юми июн таҷлил мегардад.

Соли 2017 Ҷунбиши ҷавонони ҷамоати «Камолот» ба иттифоқи ҷавонон табдил дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *