Россия аз ҳама бештар ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонд
Дар моҳҳои январ – декабри соли 2016 ба ҷумҳурӣ 55 мамлакати ҷаҳон ба миқдори 17648,7 тонна ёрии башардўстона расониданд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон маблағи умумии кӯмаки башардӯстона 55804,7 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рўи арзиши ёрии башардўстона ба Русия — 25,9 фоиз, Чин — 24,0 фоиз, Сербия — 8,2 фоиз, Ҳиндустон — 7,7 фоиз, Швейтсария — 4,3 фоиз, Туркия — 3,8 фоиз, Белгия — 3,1 фоиз, ИМА — 2,7 фоиз, Покистон — 2,5 фоиз, Қазоқистон ва Олмон – 2,3 фоизӣ, Ҷумҳурии Корея – 2,2 фоиз, Дания — 2,1 фоиз, Нидерланд — 0,9 фоиз, Фаронса — 0,8 фоиз, Озарбойҷон — 0,7 фоиз, Тайланд — 0,6 фоиз, Қирғизистон, Эрон ва Австрия — 0,5 фоизӣ ва ғайраҳо рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ