Ду ташкилоти Эрон дар Тоҷикистон баста мешавад…

Эҳтимолан ду ташкилоти Эрон, Кумитаи Имдоди Хумайнӣ ва Ройзании фарҳанги ҷумҳури исломии Эрон дар Тоҷикистон  фаъолияташ манъ шавад.


Расонаҳои форсизабон хабар медиҳанд, ки зоҳиран кормандони ин ду ташкилоти эронӣ аз ин хабар огоҳанд, вале бо шунидани ин хабар гӯширо қатъ мекунанд ва посухе намедиҳанд. «Востокнюс» менависад,  «Дар ин ду ниҳод аз изҳори назар дар бораи тасдиқ ё рад будани хабар худдорӣ карданд. Кормандони ҳар ду ниҳод пас аз шунидани ин савол гӯширо қатъ мекарданд».

Ин сомона аз номи як корманди Кумитаи Имдоди Хумайнӣ манависад, ки ин ниҳод ба далели сабти ном нашудан дар Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияташро қатъ мекунад.

Равобити Эрон ва Тоҷикистон пас аз шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ки боиси даргириҳо дар дараи Ромит ва бо кушта шудани худи ӯ анҷом ёфт, рӯ ба сардӣ овард. Дар пайи ин ҳодиса Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ ва ҳизби террористӣ эълон гардид. Мақомоти тоҷик ин ҳизбро ба гумони ҳимоят аз шуриши Ҳоҷӣ Ҳалим торрористӣ эълон карда буданд. Пас аз чанд моҳи ин ҳодиса раиси ин ҳибз Муҳиддин Кабирӣ дар иҷлоиси бедории исломӣ дар Теҳрон дар конори муфтии Тоҷикистон зоҳир шуд, ки ин боиси хашми мақомот шуда, ба ҷониби Эрон нотаи эътирозӣ фиристоданд.

Ин ду ташкилот дар Тоҷикистон хадамоти ройгон анҷом медиҳанд. Ройзании фарҳанги ҷумҳурии исломӣ, ташкилотест, ки ба табу нашри осори адибон ва фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул аст. Ташкилоти Имдоди Хумайнӣ бошад, бештар ба қишри камбизоати ҷомеаи Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *