Розенблюм ба Рашт рафт
Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи 2 май ба ноҳияи Рашт сафар карда ва дар он ҷо бо фаъолони ҷомеаи маданӣ дидор кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин дидор масоили озодии баён, ҳуқуқи инсон ва таҳкими инстистутҳои демократӣ матраҳ шудаанд. Дар зарфи як ҳафтаи ахир ин дуюмин дидори мақоми баландпояи ИМА аз Тоҷикистон аст. Сешанбеи гузашта генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ