Ӯзбекистон Севинч ва “Ота”-ро ба Душанбе меорад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон санаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар шаҳри Душанберо эълон кард.

Ин чорабинӣ аз 9 то 13 майи соли ҷорӣ доир хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, дар рӯзҳои фарҳангӣ ҳунарпешаҳои маъруфи кишвари ҳамсоя, амсоли Ғуломҷон Ёқубов, Севинч Мӯъминова, Маҳмуд Намозов ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” вориди пойтахти Тоҷикистон мешаванд.

Вазорати фарҳанг ҳадафи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Узбекистонро тақвияти рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар унвон карда мегӯяд, дар доираи ин чорабинӣ барномаҳои ҳунарӣ, Рӯзҳои кинои Узбекистон ва намоиши аккосии Узбекистон доир мегардад. Ба иттилои манбаъ, 10 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар назар аст: “Худи ҳамон рӯз дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон “Зебунисо” Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон бо намоиши филми ҳунарии “Ота” (Падар) оғоз меёбад”.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз меёбад. 11 май сафари меҳмонони ҳамсоякишвар ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст: “Ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешаҳои Ҷумҳурии Узбекистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *