Русия: Пораҳои ҷасади муҳоҷирон аз партовгоҳ пайдо шуданд

Пулиси Маскав гузоришҳо дар бораи аз қуттии партовҳо ёфт шудани ҷасади шаҳрвандони Қирғизистонро таҳқиқ мекунад. Ин изҳорот рӯзи 2 май баъди он пахш шуд, ки сафорати Қирғизистон дар Маскав аз пулис, додситонӣ ва Кумитаи тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро тақозо кард.

Пулиси Маскав мегӯяд, пораҳои бадани инсон, ки рӯзи 24 апрел дар қуттии партовҳо ошкор шуд, зоҳиран баъди санҷиши пизишки қонунӣ ба партовгоҳ оварда шуданд.

Биноба гузоришҳои матбуотӣ, ки рӯзи 1 май пахш шуданд, пораҳои ҷасади инсон, устухонҳо, пуст, ва мӯи сар, ки дар қутти ахлот пайдо шуд, эҳтимол ҷасади чаҳор шаҳрванди Қирғизистон аст, ки моҳи январ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.

Ҳамасола теъдоди зиёди шаҳрвандони Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *