Манзурхон

Руҳи шикастнопазири Манзурхон Додохонов

Дар давоми 10 соли фаъолиятам дар Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод”дар бораи ин шахсият зиёд шунида будам. Гарчанде бознишаста шуда бошад ҳам, кормандон пайваста ба некӣ ёдаш мекарданд. Мегуфтанд: “Манзурхон Додохонов дар замони душвор ГЖК-ро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод…”, “Фаъолияти ГЖК самараи меҳнату заҳмати Манзурхон Додохонов аст…”.

Аёдат

Чун шунидам, ки дар оғози соли равон Манзурхон Додохонов 75-сола мешаванд, ба аёдаташон рафтам. Рӯзи 4-уми январ чанд нафар аз дӯстони қадрдон ба табрикашон омада буданд. Дар вақти суҳбати мо ҳам телефонашон як лаҳза хомӯш набуд. Вакилони мардумӣ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, журналистон, адибону олимон, ноширон ва пайвандон пайваста занг зада, табрик мегуфтанд.

— Чӣ бояд кард, ки як роҳбарро баъди аз вазифа рафтанаш низ эҳтиром кунанд?,- пурсидам аз Манзурхон Додохонов ва посухи кӯтоҳ гирифтам:

— Ҳеҷ, кормандро эҳтиром кардан лозим.

Пайроҳаи зиндагӣ

Ҳолномаи ӯ кӯтоҳ аст: Соли 1949 дар деҳаи Чоркуҳи Исфара таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар флоти Баҳри сиёҳ хизмат кард. Донишгоҳи давлатии шаҳри Горкийро хатм кард. Муаллими факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Баъдан ба ҳайси муовини сардори идораи манзилии ноҳияи Фрунзеи пойтахт кор кард. Аз соли 1991 аввал муовин ва баъдан то соли 2012 директори нашриёти “Шарқи озод” буд.

Зиёд андеша кардам, ки чӣ тавр директори як нашриёт дар ҷомеа ин ҳама обрӯву нуфуз пайдо кардааст? Посухи ин суолро аз дӯстони Манзурхон Додохонов пайдо кардам:

Гулафзо Савриддинова,

Арбоби давлативу ҷамъиятӣ:

“Дар замони душвор як нашриёти қафомондаро ба пой мондан, ҳунари ҳар вазифахоҳ нест. Вале Манзурхон тавонист забони истеҳсолот ва кормандонро ёфта, як коргоҳи азимро эҳё кунад. Ризоияти аҳли коргоҳ ва кормандони ҷаридаҳои давлативу ғайридавлатӣ далели гуфтаҳои фавқ аст…”.

Ато Ҳамдам,

Нависандаи халқии Тоҷикстон:

“Манзур дар замони сарвариаш ба корхонаи азими илмиву сиёсӣ ва фарҳангӣ исбот кард, ки марди кор, марди якқавла аст. Ӯ муттако ва азизи дили аҳли илму эҷоду ҳунар аст”.

Азимқул Насимов,

адиб:

“Манзурхон саховатпеша аст. Ба муҳтоҷону ниёзмандон ёрии хешро дареғ намедорад, дар табъу нашри осори олимону адибон саҳим аст, ба онҳо кумаки молӣ расонидааст. Кумакҳояш бетамаъ, беғаразона, бидуни фахрфурӯшиву шуҳратталабианд. Ӯ ҷони одам аст”.

— Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кори нашриёт душвор буд. Пул набуд, коғазу ранг ва дигар лавозимот низ камчин буд. Вале банда талош мекардам, ки ҳама шароитро барои идомаи кор муҳайё созам. Барои мисол ҳукумати кишвар нашри чиптаҳои ҳавопайморо ба дӯши мо гузошт. Мо на дастгоҳ доштем, на коғаз. Чанд сол чиптаҳоро дар Русия чоп карда, саривақт ба Душанбе мерасонидем,- ба ёд меорад Манзурхон Додохонов.

Воқеан, солҳои 90-ум ва аввали 2000-ум дар кишвар ягона нашриёти муҷаҳҳаз “Шарқи озод” буд. Аксарияти нашрияҳо дар ин ҷо нашр мешуданд. Яъне Манзурхон Додохонов дар баробари муассисон ва муҳаррирон дар саргаҳи матбуоти замони истиқлол меистод.

Ҷустуҷуҳои илмӣ

Манзурхон Додохонов дар баробари корҳои ташкиливу роҳбарӣ ба таҳқиқоти илмӣ низ машғул шуда, рисолаи илмӣ дифо кардааст. Рисолаи ӯ “Аморати Бухоро дар нимаи аввали асри 19” аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтааст.

Иброҳим Усмонов,

профессор:

“Боре академик Раҳим Масов аз ман пурсиданд, ки оё бо навиштаҳои Манзурхон Додохонов ошно ҳастам, то дар кори илмиаш ширкате дошта бошам. Ман ҳайрон шудам. Зеро медонистам, ки Манзур ба корҳои хоҷагиву роҳбарӣ машғул аст. Россия рафта, рангу коғаз, пластинаю плёнка ва дигар ашёи зарурии матбаа меорад, то “Шарқи озод” ҳамеша фаъол бошад. Аммо ин ки ба таҳқиқоти илмӣ шуғл дорад, огоҳӣ надоштам. Бо тавсияи Р. Масов чанд мақолаашро хондам… Манзур аз рӯйи асли историографӣ асарҳои сайёҳу сиёсатшиноси рус Майендорф ва Ханиковро тадқиқ кардааст. Бояд гӯям, ки ин ду фард ба халқи тоҷики Осиёи Миёна, роҳи таърихии он, ҷояш дар тамаддуни шарқу ғарб баҳои баланде дода, дар илми шарқшиносии Ғарб барои шиносонидани мо хизмати арзандае кардаанд…”.

Ҳайдаршо Пирумшоев,

доктори илми таърих:

“Яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти меҳнатии Манзурхон Додохонов кори илмӣ-тадқиқотист, ки пайваста ба он шуғл дорад ва дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст. Ӯ доир ба хизмати тадқиқотчиёни рус Е. К. Майендорф ва Н. В. Хаников дар омӯзиши ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Бухорои нимаи якуми асри 19 як силсила мақолаҳо ва баъдан рисолаи номзадӣ таълиф кард, ки аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифт“.

Ҷони одам

Чархи тақдир ба Манзурхон Додохонов на ҳамеша меҳрубон будааст. Дар айёми пирӣ ба таври фоҷеавӣ аз даст додани фарзанду набераҳо зарбаи сахти тақдир буд барояш. Гарчанде ин қазия қалбашро шикоф кард, вале руҳашро нашикаст. Мардонавор устувор истод ва ба боғаш паноҳ бурд. 

— Гузаштагони мо,- мегӯяд Манзурхон Додохонов, — сарсабз кардани боғро яке аз фазилатҳои инсонӣ арзёбӣ кардаанд. Банда ҳам баъди бознишастагӣ ба гуфти бузургон амал карда, дар Чоркуҳ боғ бунёд кардам, ки феълан сарсабзу обод аст.

Манзурхон Додохонов ин боғро барои дӯстонаш обод кардааст. Ҳамон тавре, ки хонаи Душанбе ва хонаи қалбаш ҳамеша барои дӯстон кушода аст, боғаш низ макони тафреҳу суҳбати дӯстон аст.

Зафар Саидов,

сиёсатмадор, дипломат ва олим:

“Зардолуи мисли набот ширину машҳури Исфара дар даҳонатон чӣ қадар лаззат бахшад, аз суҳбати фарзанди ҳамин диёр Манзурхон ҳамон қадар роҳат меёбед. Мулоҳизаҳои пурмуҳтавои ӯро ба суруде монанд кардан мукин аст, ки ба хонадон субҳгоҳон хушнудӣ, шодмонӣ ва нур мебахшад…”.

Усмон Назир,

олим ва ходими ҷамъиятӣ:

“Манзурхон ба маънои комил марди худоянд. Мафҳуми “марди худо” асосан бузургист. Дӯстам ба кору пайкори худ, бо набардҳои хеш дар зиндагӣ, хизмати давлативу ҷамъиятиро аз кори шахсӣ, манфиатҳои худӣ болою воло ҳисобидан, ҳатто дар ҳолатҳои ноҷӯрии ҷону тан ҳам “ба нохун санги хороро буридан”, ба манфиати халқу Ватан, Тоҷикистони азиз фаъолият кардан, бузурганд…”.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *