Рубоиёт аз Гулноз — Тоҷикистон
Дар хонаи вақт дериву пазмонист,
Аз сония то дақиқа фурсатбонист.
Ҳар гаҳ, ки назар ба сўи соат кардем,
Дар ҳолати хайрбоди дастафшонист.
***
Хобе дидам, ки вақт дар мурдоб аст,
Мегуфт маро, ки қотилам офтоб аст.
Бедор шудам ман аз садои дили худ,
Дар гўшаи хонае, ки соат хоб аст.
***
Гўё паси дастгоҳи фурсатсозӣ,
К-аз шиша иборат асту лағжактозӣ.
Роҳест ниҳон, ки ноаён гум шудаанд.
Тифлони дақиқаҳо ба вақти бозӣ.
***
Аз зинаи чапу рости фурсаткадаҳо,
Гаҳ сония паст меравад, гаҳ боло.
Андешида, ки кош дар зинаи шаст,
Унвони дақиқа гирад аз ҷониби мо.
***
Он чархи дақиқабор нашнохт маро,
Он тоабадинтизор нашнохт маро.
Фурсат буду рафт коғази айнакдор,
Он зиндагидарканор нашнохт маро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ