Форуме, ки 400 соҳибкорро ба ҳам гирд овард

Ҷавонон- муҳаррики рушди  соҳибкории инноватсионӣ» — таҳти чунин ном дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии  соҳибкорони ҷавон  доир гардид. 

Дар доираи Форум, ки бахшида ба Соли ҷавонон аст,  намоиши инноватсионии дастовардҳои  соҳибкорони ҷавон  ва ҷавонони фаъол ташкил карда шуд. Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳ бо дигар меҳмонону иштирокдорони форум аз намоишгоҳ дидан карданд.

Ин форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҳудуди 400 нафар  соҳибкорони ҷавон иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *