Рухшонаи Шералӣ: Мардумон аз ҳарвақта дида бештар ба дӯстӣ ниёзманданд
Рухшонаи Шералӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар вобаста ба дӯстии минтақавӣ ва хушбахтиву саодат пешниҳод ироа кардааст.
Ӯ зикр кардааст, ки “солҳои охир миёни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси ба ҳалокат расидани сокинони ҳарду кишвар шудааст. Мо миллати тоҷик дар муносибат бо ҳамсояҳои хеш дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро аз ҳар чизи дигар болотар донистаем ва минбаъд низ медонем”.
Ӯ гуфтааст, вақте сухан аз якпорчагӣ ва ғасби марзҳои Ватан меравад, ин ҷо кор тамоман ранги дигар мегирад. Чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бетараф гузошта наметавонад.
— Ин хоки Ватани мост, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Тавре огаҳӣ дорем, муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои баимзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Қирғизистон аст,- мегӯяд ӯ.
Ба қавли мавсуф, “мардумони кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёзманданд. Зеро дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидонӣ аст ва миёни халқиятҳои минтақа саодату хушбахтӣ меорад. Аз душманиву ҷанг бошад, ба инсоният танҳо рӯзи сахт ва харобӣ мерасаду халос”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ