Рухсорамоҳи Саъдулло: Хушдомани хуб бояд роҳбалади келину домодҳо бошад

Меҳмони навбатии мо модари азиз, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Рухсорамоҳи Саъдулло мебошанд.

Саволи мо ба хушдомани панҷ келину шаш домод чунин аст:

— Хушдомани хуб кист?

— Ривояте ҳаст, Худованд дар биҳишт аз зари ноб тахте сохтааст, он насиби ҳамон хушдомане мешавад, ки бо келинҳояш ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷанҷоле накардааст. Шумо худатон як ба ҳамин калима руҷуъ кунед, хушдоман — яъне модаре, ки дар домани хушаш писар ё духтари нозанинеро ба воя расонида, ба келин ё домодаш ҳадя мекунад. Пас, ў набояд бадсигол бошад. Албатта табиати инсонҳо ҳар навъ аст, аммо ман боварӣ дорам, ки ягон хушдоман бадбахтии духтар ё писарашро намехоҳад.

Ман худам то имрўз як усули муносибат бо келину домодро дорам. Ҳамеша дар назди писаронам аз келинҳо пуштибонӣ мекунам, агарчи келин гуноҳе карда бошад ҳам, дар танҳоӣ худашро насиҳат мекунам. Бо духтаронам ҳам ҳамин гунаам, ҳеҷ гоҳ бо ягон домод барои он ки бо духтари ман моҷаро кардааст, ҷангу ҷанҷол набардоштаам, духтаронамро ба сабру таҳаммул мехонаму домодҳоро насиҳат мекунам, албатта дар танҳоӣ.

Ин гуна насиҳатҳоро аз минбар кардан осон аст, аммо дар зиндагии воқеӣ ҳолатҳои дигар низ ҳастанд. Худованд ҳеҷ одамро ба ҳамсари бад гирифтор накунад, инсони бадро на насиҳат одам мекунаду на меҳрубониву на ҳимоят. Келину домоди хуб чун дид, ки хушдоману хусур айбашро пўшонданду аз ў пуштибонӣ карданд, дигар кори бадашро такрор намекунад. Бадкораш бошад, шерак шуда, аз пешина бадтар мекунад.

Шаш духтарамро ба шавҳар додаму ҳамеша ба онҳо таъкид мекунам, ки агар аз шавҳару хонаводаашон умед дошта бошанд, қаҳру ароз карда, ба хона наоянд, зеро ин амал ба девори хонадории онҳо рахна ворид месозад.

Писаронамро тарзе ба воя расонидаам, ки аз хонаи падару модар овардани чизеро барои ҳамсарҳояшон ору номус медонанд. Кӯшиш мекунанд, ки тамоми бори зиндагиро худашон кашанд ва барои фарзандонашон зиндагии хубро мўҳайё намоянд.

Бо қудоҳоям бисёр муносибати хуб дорем ва онҳоро дар қатори пайвандонам дўст медорам.

Хушдомани хуб бояд роҳбалади келину домодҳо бошад. Як хислати дигарам ҳамин аст, ки ба хонаи духтаронам хабаргирӣ равам, дуру дароз меҳмон намешавам. Се духтарам дар роҳи дур зиндагӣ мекунанд, дар хонаи онҳо як ё ду рўз меҳмон мешавам, дар хонаи духтарони ҳамсояам бошад як ё ду соат. Ба зиндагии фарзандон дахолати зиёд кардан лозим нест, бигузор хости дили худашон зиндагӣ кунанд. Хушдомани хуб аз кӯчактарин пешрафти зиндагии фарзандон хурсанд шуда, шукри ҷони онҳоро мекунад.

Суҳбаторо: ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *