Русҳо аз тоҷикдухтар рақси помирӣ меомӯзанд

Бахшида ба 870-солагии шаҳри Вологда дар доираи лоиҳаи “Шаҳри кӯдакӣ” ҳафтаи Вологда ҷараён дорад.

Дар ин чорабинӣ намояндаҳои миллатҳои мухталиф, ки дар Вологда ба сар мебаранд, сокинони шаҳрро табрик мекунанд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикон низ ба табрики 870-солагии шаҳри Вологда рафта буданд. Бино ба иттилои торнамои vologda.ru, рақси тоҷикдухтари 8-сола яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳунарнамоии ҷамъияти тоҷикон будааст. Сабзбаҳор Дороншоева бо либоси атлас рақси помирӣ иҷро кардааст ва ҳамсолонаш дар баробари вай рақсидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *