Бангдонаи афғон аз сарҳади Тоҷикистон нагузашт

Аз тарафи  кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҳудуди яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд,  қочоқчиёни мусаллаҳи афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ва сарҳадбонон додани фармон оид ба  таслим шудан, қочоқчиён муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд, ки дар натиҷа миёни қочоқчиён ва гурӯҳи оперативии таъсисдодашуда тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти тирпарронии шадид гурӯҳи қочоқчиён ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд.

Инчунин зикр гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса кормандони фаврӣ дар ҷои ҳодиса дар ду борхалта 24 килограмму 685 грамм бангдона дарёфт намуданд.

Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки гурӯҳи қочоқбаронро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амон валади Маҷид, истиқоматкунандаи вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор роҳбарӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *