Ҳарорати ҳаво паст мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ВМКБ  22-27 дараҷа ва дар шарқи он  11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар бархе аз ноҳияҳо раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе гармии ҳаво 35-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *