Рушди маҳал озмунашро имсол ҷамъбаст мекунад
Дар бинои Кумитаи рушди маҳал нишасти матбуотии ин сохтор баргузор гардид. Қаблан рузноманигорон аз он шикоят доштанд, ки раиси Кумита дар нишастҳои нимсола ширкат намекунад. Ин бор Қосим Раҳбар шахсан дар ин нишаст иштирок намуд ва сабаби набуданашро ба беморӣ ва аз паи кор буданаш шарҳ дод. Раиси Кумита дар атрофи фаъолияти кории сохторҳои зертобеаш маълумот дода истода, таъкид бар он намуд,ки кормандон дар соли сипаришуда корҳои ҳамоҳангсозии сохторҳои гуногунро дар маҳалҳо нисбатан беҳтар ба роҳ монда, дар рушди маҳалҳои гушаҳои гуногуни кишвар саҳми муҳим гузоштанд. Аз ҷумла , ӯ оид ба баргузор намудани озмуни шаҳраку деҳот,оила ва кӯчаи беҳтарин маълумот дод ва ба саволи хабарнигори pressa.tj дар мавриди марҳилаи ҷамъбасттии он, гуфт,ки ин озмун соли равон дар даври охирини худ қарор дорад ва аз натиҷаи он ба таври васеъ дар ВАО интишор хоҳад ёфт.Ҳамчунин таъкид намуд,ки озмуни «Сайри гули лола» низ идома хоҳад дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ