Рушди соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон
Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки рушди тамоми соҳаҳо дар заминаи сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат дар кишвар таъмин карда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба соҳаи туризм ҳамчун самти сердаромад таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи муносибро фароҳам оварда истодааст.
Дар сиёсати маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ ҷойгоҳи хоса дошта, Сарвари бедордилу дурнигар дар яке аз баромадҳои хеш вобаста ба пешрафт ва дурнамои соҳа чунин баён дошта буданд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.
Сайёҳӣ ҳамчун феномени иқтисодӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, табиат ва анаъанаҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистони биҳиштосо, сарзамини миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд, соҳиби иқлими хушку мусоид, манзараҳои нотакрори табиат, куҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, ҳайвоноту набототи нодир, урфу анъанаҳои мардумӣ ва макони беҳтарини сайру саёҳат дар олам ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа ва бо дарназардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуда, соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд, ки барои рушди ин соҳа як сол басанда набуд, бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд, ки дар рушди кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки ин стратегияи дарозмуддати рушди соҳа буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди соҳа ба инобат гирифта шудаанд.
Вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” қабул гардидааст, ки он муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи сайёҳиро танзим намуда, барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд равона шудааст.
Ҷиҳати боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ин самти муҳим ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта истодааст.
Вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон имкониятҳои васеъ дошта, баҳри тараққӣ додани он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмиру тармими инфрасохтори дохилӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳо, таъмиру азнавсозии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ чораҳои лозима андешида шуда истодааст.
Айни ҳол дар қаламрави вилоят 931 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ арзи вуҷуд доранд, ки аз онҳо 721 адад ёдгориҳои бостонӣ, 124 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 86 адад ёдгориҳои монументалиро ташкил медиҳанд. Боиси қайд аст, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилоят, аз қабили қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа”-и ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён ба Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд, ки мунтазам сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон дар ҳоли рушдёбӣ қарор дошта, бунёди инфрасохтори соҳа сол то сол зиёд шуда истодааст, ки вазъи хизматрасонӣ дар ин самт беҳтар гардидааст.
Мавриди қайд аст, ки барои қабули сайёҳон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо дар ҳудуди вилоят 114 адад меҳмонхона, 139 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 217 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 138 адад тарабхона, 45 адад осорхонаҳо, 19 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 128 адад чойхона, 363 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 238 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 115 адад зиёратгоҳҳо, 45 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуд мебошанд, ки мунтазам ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Бо мақсади инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, тайёр намудани армуғонҳои гуногун бо истифода аз рамзҳои давлатӣ тавассути филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Қубодиён, Ёвон, Данғара, Дӯстӣ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва филиалҳои корхонаҳои воҳиди давлатии “Маркази омӯзиши модулӣ” дар шаҳри Кӯлоб, “Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ” дар шаҳри Норак таъсис дода шуда, бояд қайд намуд, ки дар вилояти Хатлон барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастӣ ва армуғонҳо 175 нуқтаи фурӯш ва 67 мағозаи фурўши армуғонҳо фаъолият дошта, ҳамарўза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида истодаанд.
Дар вилояти Хатлон мавзеъҳои сайёҳии экологӣ, аз ҷумла мамнуъгоҳҳои “Бешаи Палангон”-и ноҳияи Дўстӣ, “Дашти Ҷум”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, боғи табиии “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон, Парваришгоҳи “Қаратов”-и ноҳияи Фархор, мавзеи сайди моҳӣ дар Парваришгоҳи “Норак”-и шаҳри Норак, Парваришгоҳи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод, ёдгории табиии “Чилучорчашма”-и ноҳияи Носири Хусрав ва мавзеъҳои шикори ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Фархор, Дўстӣ ва Балҷувон баҳри ҷалби сайёҳон мавриди истифода қарор дошта, дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ҶДММ “Хуталон” дар масоҳати шаш ҳазор гектар ташкил карда шудааст.
Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва бо мақсади маълумотнокии сайёҳон сомонаи алоҳидаи сайёҳии вилоят Sayohikhatlon.tj бо се забон омода гардида, мавриди истифода қарор дорад.
Дар баробари ташкил намудани сомонаи расмии сайёҳии вилоят, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Инстаграм” ва “Телеграм” таъсис дода шудааст, ки маълумотҳои ба соҳаи сайёҳӣ алоқаманд мунтазам аз тарафи мутахассисон бо се забон ворид гардида истодааст.
Ҳамзамон, барномаи мобилии “Роҳнамо барои сайёҳон” бо маълумоти пурраи вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, ширкатҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихию фарҳангӣ бо замимаи аксҳо омода гардидааст, ки сайёҳон метавонанд ҳангоми набудани роҳбаладон дар мавзеъҳои сайёҳӣ аз ин маълумотҳо самаранок истифода баранд.
Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилоят баҳри сайёҳон дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар ва дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва дар қисман шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар умум 21 нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки баҳри омода ва таҳия намудани маводҳои иттилоотии сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои сайёҳии вилоят ва рушди соҳаи сайёҳӣ маводҳои иттилоотӣ, аз қабили буклетҳо бо се забон, харитаи сайёҳӣ бо забони англисӣ, кластери сайёҳӣ бо забони русӣ, наворҳои видеоӣ, ёддошт, феҳристи ҳунарҳои мардумӣ, феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалӣ, роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва дигар маводҳои тарғиботӣ мунтазам таҳия гардида, дастраси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ гардонида шуда, тариқи телевизион ва шабакаҳои интернетӣ инъикос карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади пайгирӣ аз татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026 ва “Агротуризм” вобаста ба тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаи телевизионӣ омода намуда, тариқи телевизиони мазкур ва шабакаҳои интернетӣ намоиш дода шуд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, масъалаҳо вобаста ба сармояи рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мавзеи таърихию табиии “Чилучорчашма”, мадрасаи “Хоҷа Машҳад” ва мамнуъгоҳҳои “Қалъаи Ҳулбук” амалӣ гардида истодааст.
Боиси қайд аст, ки сол то сол муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар вилоят батадриҷ рушд ёфта, шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ гардида истодааст.
Тибқи маълумотҳои масъулини шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар соли 2022 дар умум 462503 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва дар моҳи январи соли 2023 дар умум 23386 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф овардаанд.
Яке аз масъалаҳои калидӣ барои ноил шудан ба рушди соҳа — ин омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад, ки имрўз дар 5 муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, филиали муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб мутахассисони соҳаро аз рўи ихтисосҳои иқтисод ва идораи сайёҳӣ, сайёҳат ва меҳмоннавозӣ, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат омода карда истодаанд. Бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳии вилоят, мусоидат намудан ба пайвастагии бештари бахши хусусӣ бо донишҷўёни риштаи сайёҳӣ мунтазам конфронсҳо, семинар — машваратҳо, мизҳои мудаввар баргузор гардида, барои рушди саёҳати дохилӣ бошад, саёҳатҳои наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон ташкил гардида истодааст.
Фирӯза ШАРИФӢ,
муовини раиси вилояти Хатлон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ