Русия: 28 тоҷики узви ДИ-ро тавасути Интерпол меҷӯянд
Русия аз тариқи пулиси байналмилалӣ — «Интерпол» Абушаҳид Турсунов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро, ки дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 муттаҳам мешуд, бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ, таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Абушаҳид Турсунов аз ҷумлаи 28 тоҷики узви гурӯҳи тундрави»Давлатии исломӣ» (ДИ) аст, ки Русия аз тариқи «Интерпол» онҳоро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Русия аксари ин ҷангиёнро барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқу тарғиби терроризм дар хоки ин кишвар ва узвият дар гурӯҳҳои тундрав муттаҳам мекунад. Дар сомонаи «Интерпол» гуфта мешавад, ки ин афрод шаҳрвандону муҳоҷирони муқими Русияро дар анҷоми ҷиноят ва амалҳои террористӣ ташвиқ мекардад.
Бар асоси иттилои расмӣ, Абушаҳид Турсунов ду нафар — Дилафрӯз Холова ва Изатулло Фузайловро барои сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба ноҳияи Ваҳдат дар моҳи сентябри соли 2015 омода карда буд. Онҳоро тариқи барномаи WhatsApp тарзи истифодаи маводи таркандаро омӯзиш дода, мехост онҳо ҳангоми бозкушоии заводи сементбарорӣ дар ноҳияи Ваҳдат онҳоро ба кор дароранд.
Баъдан, додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дилафрӯз Холоваро, ки ба гуноҳаш пурра иқрор кард, ба 8 солу 6 моҳ ва Иззатулло Фузайлов, ки худро танҳо қисман гунаҳгор эътироф кард, ба 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум намуд. Онҳо дар бозпурсиҳо эътироф карданд, ки маҳз бо ташвиқи «Абу Саид» ё худ Абушаҳид Турсунов, ба ин кор омодагӣ медиданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, 500 ҷавони тоҷик дар даргириҳои Ховари Миёна кушта шудаанд, вале исми онҳо ба матбуот маълум нест.
Тоҷикистон аз ин пеш руйхати беш аз 2 ҳазор нафар афроди шубҳанокро ба Русия ва Туркия дода буд. Аммо ин 28 нафаре, ки ҳоло Русия тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мекунад, ба гуфтаи мақомот, бевосита барои амалҳояшон дар ин кишвар таҳти таъқиб қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ