Русия: 37 танҳалок гашт ва 36 тани дигар ҷароҳат бардошт
Дар сӯхтори маркази тиҷоративу фароғатии «Зимняя вишня» дар вилояти Кемеровои Русия 37 нафар ҷон бохтаанд. Инчунин, дар ин ҳодиса беш аз чиҳил нафар ҷароҳат бардошта, 36 тани онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз мақомоти Русия навишт, ки ҳудуди 70 нафар низ бедарак шудаанд. Аз ин ҳисоб чиҳил нафар кӯдакон ҳастанд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар ин замина парванда боз кардааст.
Мақомот мегӯянд, сӯхтор рӯзи 25-уми март дар ошёнаи чаҳоруми бино сар зад. Ин маркази тиҷоратӣ соли 2013 ба истифода дода шуда буд. Ҳудуди он ба 23 ҳазор метри мураббаъ мерасад ва шомили истгоҳи мошинҳо, фурӯшгоҳ, боулинг, маркази кӯдакон ва толори синамо аст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ