Куштор дар Ашт

Нимаи дуюми рӯзи 24 март дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт як ронандаи такси аз шаҳри Хуҷандро бо 7 зарби корд ба ҳалокат расондаанд.

Бо гумони даст доштан дар куштори ин ронандаи 55-60-сола Шамсиддин Шодиматов дастгир шудааст.Kормандони милитсияи ноҳияи Ашти вилояти Суғд субҳи 25 март нафари гумонбар дар қатли як рӯз пеши ронандаи такси дар ҳудуди деҳаи Понғози ин ноҳияро дастгир карданд. Ин иттилоъро мақомоти милитсияи вилояти Суғд тасдиқ карданд. Нафари гумонбар, сокини ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Шодиматов Шамсиддин Абдуҳомидович, соли таваллудаш 1990 мебошад.Рӯзи 24 март Шамсиддин Шодиматов, ки қаблан ҳам дар Русия 3 сол суд шуда буд, як ронандаи таксиро аз шаҳри Хуҷанд то маҳалли зисташ – деҳаи Понғоз киро карда, баъди расидан ба макони лозима ронандаро бераҳмона ба ҳалокат расондааст.Такси нимаи дуюми рӯз, соатҳои тақрибан байни 16 ва 18 ба Понғоз расидааст, вале дар инҷо байни ронанда ва мусофираш муноқиша бархостааст.Эҳтимол меравад, ки ин муноқиша бар сари ҳаққи роҳ пеш омада, ба занозанӣ печидааст ва Шамсиддин Шодиматов ронандаи таксиро, ки як марди зоҳиран 55-60-сола буд, бо 7 зарбаи корд кушта, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷабрдидаро аввал ба беморхонаи ҷамоавии деҳаи Понғоз меоранд ва баъдан ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт интиқол медиҳанд. Вале ӯ баъди ҷарроҳӣ дар беморхона ӯ ба ҳалокат расидааст. Шамсиддин Шодиматовро баъди як рӯзи фирораш, субҳи 25 март дастгир карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *